Суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, кулли сокинони ноҳияи Шаҳристонро ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузурги мардуми Тоҷикистон ва ифтитоҳи мактаби навбунёди замонавиро ба устодону омӯзгорон ва шогирдони ин муассисаи таълимӣ самимона табрик мегӯям.
Боиси хушнудист, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Шаҳристон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои Ватани маҳбубамон дар соли барои кишвар воқеан таърихӣ корҳои назарраси ободониву созандагиро вусъат бахшида истодаанд.
Дар ҳудуди ноҳия то имрӯз дар 104 иншооти ба нақша гирифташуда корҳои ободониву бунёдкорӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Мактаби навбунёди рақами 19, ки имрӯз дар деҳаи Ободӣ барои 1240 нафар хонанда ифтитоҳ гардид, намунаи заҳмати созандаи сокинони ноҳияи Шаҳристон мебошад.
Дар ин муассисаи таълимӣ барои хонандагону омӯзгорон беҳтарин шароит, аз ҷумла синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои муҷаҳҳази фаннӣ, маҷлисгоҳ барои 250 нафар, ошхона, толори варзиш ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон муҳайё карда шудаанд.
Дар доираи сафари кории мо, инчунин, боз як муассисаи таълимии нав – гимназияи рақами 1 барои 480 хонанда, ки ба тариқи ҳашар бунёд шудааст, ба истифода супорида мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ду муассисаи нави зикршуда беш аз 100 нафар омӯзгорон бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Имрӯз дар ноҳия як лоиҳаи бисёр муҳим – хатти оби нӯшокӣ барои бо оби босифат таъмин намудани 10 ҳазор нафар сокинон ба истифода супорида шуд ва баъди мулоқот бо шумо боз якчанд иншооти дигар, аз ҷумла майдони Парчами давлатӣ ва корхонаи парандапарварӣ мавриди истифода дода мешавад.
Воқеан, бояд гуфт, ки ноҳияи Шаҳристон зодаи даврони истиқлол мебошад ва бо дарназардошти ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Аз ҷумла дар ин давра дар ноҳия 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои боз 7 лоиҳаи инфрасохторӣ идома дорад.
Соли 2012 нақби «Шаҳристон» сохта, ба истифода дода шуд, ки тавассути он сокинони ноҳияи Шаҳристон ҳоло ба пойтахти мамлакат рафтуомади озод доранд.
Ғайр аз ин, 45 километр шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе – Чаноқ» аз ҳудуди ноҳия гузашта, робитаи аҳолии ноҳияи Шаҳристонро бо тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя дар чор фасли сол таъмин кардааст.
Илова ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шаҳристон барои солҳои 2016 – 2020-ум 73 лоиҳа ба маблағи 58 миллион сомонӣ татбиқ шудааст.
Дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025-ум боз 114 лоиҳа ба маблағи 137 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки бо татбиқи онҳо инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва шароити зиндагии сокинони ноҳия хеле беҳтар хоҳад шуд.
Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мо саноатикунонии босуръатро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар эълон кардем.
Дар ин раванд, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ торафт вусъат гирифта истодааст.
Зимнан, хотирнишон месозам, ки ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз роҳҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон мебошад.
Дар ноҳияи Шаҳристон то ба имрӯз 11 корхонаи саноатӣ фаъолият карда, дар панҷ моҳи соли 2021 дар онҳо ҳамагӣ дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки чунин вазъ қонеъкунанда нест.
Зеро дар ноҳия барои таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди маҳсулот ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон тамоми шароити зарурӣ, пеш аз ҳама, ашёи хом, маҳсулоти кишоварзӣ ва роҳҳои замонавӣ барои интиқоли молу маҳсулот мавҷуданд.
Тибқи супоришҳои қаблии мо дар ҳар як шаҳру ноҳия бояд коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, дар навбати аввал, ҷиҳати истеҳсоли либоси мактабӣ ташкил карда, бо ҳамин роҳ барои занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд ва талаботи хонандагон ба либоси мактабӣ асосан аз ҳисоби истеҳсолоти худӣ таъмин гардонида шавад.
Лекин тибқи маълумот дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Шаҳристон ҳамагӣ 1000 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол шудааст, ки талаботи хонандагони ноҳияро ҳамагӣ 3,5 фоиз таъмин мекунад.
Чунин ҳолат аз роҳбарону масъулин андешидани тадбирҳои фаврии иловагиро тақозо менамояд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба 25 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 фоиз зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда, албатта, қобили таҳсин буда, зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва доимӣ дода шавад.
Ноҳияи Шаҳристон барои рушди картошкапарварӣ, ки нони дуюм ба ҳисоб меравад, имкониятҳои зиёд дорад ва зарур аст, ки ба ин масъала эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Бо вуҷуди он, ки майдони кишти зироатҳо ба ҳолати 1 июни соли 2021-ум 7,7 ҳазор гектарро ташкил карда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд шудааст, вале дурнамои кишти картошка иҷро нагардидааст.
Рушди занбӯриасалпарварӣ дигар самти муҳимми соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Шаҳристон ба ҳисоб рафта, истеҳсоли асал дар соли 2020 ба зиёда аз 28 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2019 зиёд мебошад.
Вале бо дарназардошти иқлими барои занбӯриасалпарварӣ бисёр мусоид ва захираҳои бузурги гиёҳу растаниҳои табиӣ ин нишондиҳанда ҳоло ҳам кам мебошад.
Роҳбарону масъулони ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд ҷиҳати зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал, ташкили нуқтаҳои муосири фурӯши асал, ташкили коргоҳҳои бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши содироти он тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, ташкили нуқтаҳои хизматрасонии муосир дар масири шоҳроҳи «Душанбе – Чаноқ» барои мардуми ноҳия манбаи иловагии ҷойҳои корӣ ва даромад мебошад.
Ноҳия дорои имконият ва захираҳои бузурги сайёҳӣ мебошад, вале ҳанӯз ин имкониятҳо ба таври зарурӣ истифода нашуда истодаанд.
Таърихи қадима ва ёдгориҳои зиёди бостонии ноҳия ва обу ҳавои мусоид, расму ойинҳои хосcаи меҳмоннавозии мардум, дарёҳои кӯҳӣ ва чашмаву гиёҳҳои нодиру шифобахш, мавқеи хоси ҷуғрофӣ, инчунин, мавзеъҳои истироҳатии ноҳия, аз қабили Хуррамдара, Сабздара, Насими кӯҳсор, Истиқлол ва дигарҳо, ки метавонанд ба рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, пиёдагардии кӯҳиву варзишӣ, экологӣ, таърихиву маърифатӣ, этникӣ ва шикори байналмилалӣ мусоидат намоянд, то ба ҳол ба таври зарурӣ муаррифӣ нашудаанд.
Ҳарчанд ки дар панҷ моҳи соли 2021 ҳаҷми хизматрасониҳо дар иншооти хизматрасонии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 баробар зиёд шудааст, вале як қатор камбудиҳо, ба мисли сатҳу сифати нокифояи хизматрасонӣ, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани инфрасохтори сайёҳӣ ва дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани роҳҳои маҳаллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд.
Таъкид месозам, ки рушди соҳаи сайёҳӣ омили муҳимми таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва сарчашмаи даромади иловагии аҳолии ноҳия мебошад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯзҳо дар давраи омодагӣ ба ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон – сисолагии истиқлолу озодии кишвар қарор доранд ва заҳмати созандаро ба хотири истиқболи арзандаи ин санаи бузурги таърихӣ торафт вусъат бахшида истодаанд.
Саҳми сокинони ватандӯсти ноҳияи Шаҳристон низ дар ин раванд басо арзишманд мебошад.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Шаҳристон минбаъд низ бо кору фаъолияти созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, таҳкими дастовардҳои истиқлол, ҳифзи сулҳу суботи кишварамон ва таҳкими ваҳдати миллӣ саъю талоши бештар мекунанд.
Дар охир кулли сокинони ноҳияро бори дигар ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, ба ҳамаи шумо барои заҳмати содиқона ва истиқболи самимонаатон изҳори сипос мекунам.
Ба хонадони ҳар як сокини ноҳия хушбахтиву тансиҳатӣ, рӯзгори пурфайз ва барору муваффақият орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!