СУТ бо ду вояи як ваксинаи зидди коронавирус эм карданро тавсия медиҳад

Июль 1, 2021 12:26

ДУШАНБЕ, 01.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Сардори раёсати эмкунии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) бо ду вояи як ваксинаи зидди коронавирус эм карданро тавсия медиҳад, чунки пайомади истифодаи ваксинаҳои гуногун ҳанӯз омӯхта нашудааст. Таре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 30 июн дар ҷараёни як сеанси саволу ҷавоб аз тариқи Twitter раҳбари раёсати эмгузаронии СУТ Кейт О’Брайен изҳор доштааст.

Вай хабар додааст, ки танҳо дар хусуси имкони эмкунии «омехта» дар ҳолати истифодаи вояи ваксинаи ширкати амрикоии Pfizer пас аз ваксинаи аввал аз ширкати бритониёӣ ва шведии AstraZeneca маълумот вуҷуд дорад. «Мо дар ин бора тавсияи иҷозавӣ дорем», — тавзеҳ дод О’Брайен.

«Вале, ба ғайр аз ин ҳолат, мо то ҳол маълумоти дигар дар хусуси ин ки оё вокуниши эминият дар сурати ҷадвали омехтаи эмгузаронӣ боқӣ хоҳад монд, инчунин истифодаи он оё бехатар хоҳад буд, дар даст надорем», — зикр кард вай. «Таҳқиқот идома дорад ва мо интизор дорем, ки дар моҳҳои наздик дар ин бора маълумот хоҳем гирифт», — афзуд сардори раёсати СУТ. «Ҳоло бошад, мо чун пештара тавсия медиҳем, ки дар мавридҳое, ки истифодаи ду воя зарур бошад, барои эмгузаронӣ бояд ду вояи як ваксина истифода шаванд «, — таъкид кард ӯ.

Дар посух ба савол дар бораи давомнокии муҳофизат аз коронавирус ҳангоми эмгузаронӣ, О’Брайен ҷавоби мустақим надод ва гуфт, ки «таҳқиқот дар ин самт идома дорад». Вай хотиррасон кард, ки ваксинаҳои зидди COVID-19 ҳамагӣ «қариб як сол пеш» таҳия шудаанд, аз ин рӯ «барои назорат кардан вақт лозим аст» ва дар қатори чизҳои дигар, бояд муайян карда шавад, ки подтанҳо дар вуҷуди одамон то кадом муддат ҳифз мешаванд.

ДАР Акс: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

Июль 1, 2021 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн