ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июл, чоршанбе, 209-умин рӯзи соли 2021 аст

Июль 28, 2021 08:00

28 июли соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлати ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт баррасӣ гардиданд.

***

6 сол пеш, 28 июли соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шинос шудан бо вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба якчанд шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби номзади илмҳои ҳуқуқ Ҳаким Мирсайзод ва докторанти (PhD) риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сиёвуш Наботов «Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ: назария, амалия ва қонунгузорӣ» ба табъ расид.

28 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гепатит.

***

Дар Перу – Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

28 июли соли 2011  дар варзишгоҳи «Металлург»- и шаҳри Турсунзода  бозии ҷавобии даври дуюми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.

***

2 сол пеш, 28 июли соли 2018  Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз танаффузи зиёд тавассути ҳавопаймои «Boeing 737-300» дар самти Душанбе – Самарқанд нахустин парвоз анҷом дод.

***

28 июли соли 1868 Конститутсияи ИМА бори 14-ум бо тағйиру иловаҳо қабул гардид. Тибқи тағйироти воридгардидаи ҳамон сол, ҳар нафаре, ки дар ҳудуди ин кишвар таваллуд мешавад, ба ӯ шаҳрвандии ИМА дода мешуд.

***

93 сол муқаддам, 28 июли соли 1928 дар Амстердам бозиҳои IX тобистонаи олимпӣ оғоз гардида, 12 август ба анҷом расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Июль 28, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш