Тоҷикистон ва САҲА вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд

Июль 10, 2021 10:16

ДУШАНБЕ, 10.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз мулоқоти Вазири корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия — Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Анн Линде дар сиғаи маҷозӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, масъалаҳои марбут ба вазъ дар Афғонистон дар меҳвари ин суҳбат қарор доштанд.

С.Муҳриддин ба мусоҳиб дар бораи вазъи нигаронкунанда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон маълумот дод.

Зимнан саҳми Тоҷикистон ва нақши лоиҳаҳои минтақавӣ дар раванди эҷоди сулҳ ва эҳёи иқтисодӣ дар он кишвар муҳим арзёбӣ шуданд. Дар ин маврид нақши Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршад дар Душанбе ҷиҳати бозомӯзии онҳо дар масъалаҳои идораи сарҳадӣ дар минтақаи САҲА таъкид гардид.

А.Линде омодагии САҲА-ро барои мусоидат ба ҳалли ҳолати бавуҷудомада пешниҳод кард.

Тарафайн барои истифодаи имкониятҳои фаровон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар чорчӯби САҲА изҳори омодагӣ намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Июль 10, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд