Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуданд

Август 26, 2021 11:40

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон» дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд. Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон» дар деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода соли 2008 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии он 589 гектарро дар бар мегирад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ ангурпарварӣ буда, 480 гектари он токзор мебошад.

Ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 навъи ангур аз ҷумла «ҳусайнии сиёҳ ва сафед», «ғалаба», «шоҳона», «пешпазак», «кишмиши сиёҳу сафед» «Президент», ки асосан навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш карда мешаванд. «Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва ангурпарварӣ доранд. Роҳбарии хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон»-ро Маҳмадамин Камолов — писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ шодравон ҳоҷӣ Камол Мадумаров ба уҳда дорад.

Дар хоҷагӣ 1100 нафар саҳмдор фаъолияти босамар дошта, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳми босазо доранд. Соли ҷорӣ ҳосил дар токзор фаровон буда, то имрӯз беш аз 900 тонна маҳсулот ба бозори истеъмолӣ бароварда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолгардида, ки дорои сифати баланд ва тамъи лазиз аст, дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ ба Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон содирот карда мешавад. Соли гузашта хоҷагидорон беш аз 5 ҳазор тонна ангурро ба хориҷи кишвар содирот карда, имсол низ нақша доранд, ки қариб 6 ҳазор тонна маҳсулот содирот намоянд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон ва боздид аз токзори намунавии хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сермашаққату пурсамари боғдорон баҳои баланд доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқонон, ки ба намоиш гузошта шуд, шинос шуданд. Дар намоиш навъҳои гуногуни ангур, ки солҳо охир бештар парвариш ва истеҳсол мегарданд, муаррифӣ гардиданд. Ҳамчунин аҳли заҳмати хоҷагӣ мураббо ва шарбату афшураҳо аз меваҷотро, ки барои захира пешбинӣ шудаанд, ба намоиш гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки заҳматкашони шаҳри Турсунзода дар самти токпарварӣ ва истеҳсоли ангур мактаби махсус ва таҷрибаи бой доранд. Бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо ангури баландсифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дар хоҷагӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаи замонавӣ бунёд гардидааст. Дар сардхонаи мазкур зиёда аз 1000 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад. Ба ин восита хоҷагидорон метавонанд қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавот таъмин намоянд.

Саҳмдорони хоҷагӣ қитъаи муайяни заминро дар ихтиёр дошта, бо аъзои хонавода бо истифода аз таҷрибаи бойи ангурпарварӣ машғули кор мебошанд. Дар 9 гектари хоҷагӣ боғи мевадиҳанда мавҷуд буда, ҳамасола ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад. Роҳбарияти хоҷагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби даромадҳои софи худ иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Саъдии Шерозӣ ва Заркамари шаҳри Турсунзода сохта, дар вусъати бунёдкориҳо саҳми назаррас мегузоранд. Соли гузашта бо дастгирии хоҷагӣ ба таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва қариб 3 километр роҳи ҳудуди деҳаҳои атрофи хоҷагӣ таъмир гардида, имсол низ қариб 2 километр роҳ асфалтпӯш карда шудааст.

Дар хоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба чорводорӣ низ диққати махсус равона шудааст. Айни ҳол дар хоҷагӣ зиёда 5200 сар гӯсфанд парвариш карда мешавад. Барои истеҳсоли гӯшт низ хоҷагӣ дар ихтиёри худ беш аз 50 сар чорвои калон дорад. Бояд тазаккур дод, ки шоликориву кишти хӯроки чорво ҳам дар хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истеҳсолу содироти навъҳои гуногуни ангур ба хориҷи мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон"-и шаҳри Турсунзода 26.08.2021

Август 26, 2021 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҶДММ «Илму адаб» созишнома ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент беш аз 800 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 200 тарбиятгиранда кӯдакистон сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент иншооти нави таълимӣ ва варзишӣ ба истифода дода шуд