ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба шарафи ҷашни бузурги миллӣ дар Лахш 221 иншооти гуногун бунёд мешаванд
ЛАХШ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бунёди 221 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 156 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дошта, то рӯзи ин ҷашни таърихӣ ба истифода дода мешаванд.
Ин матлабро раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Тавре дар нишасти матбуотии ноҳияи Лахш зикр шуд, картошкапарварони ноҳия соли 2021 дар майдони умумии 5368 гектар картошка кишт намудаанд, ки 3150 гектари он ба заминҳои сохтори кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ, 1027 гектар ба заминҳои президентӣ ва боқии он ба заминҳои наздиҳавлигӣ рост меояд. Ҳамчунин дар ин муддат дар майдони умумии 1506 гектар зироати ғалладонагӣ ва дар 202 гектар сабзавот кишт шудааст.
Дар шаш моҳи соли равон баҳри дастгирии соҳибкорону картошкапарварон ва эҳтиёҷмандон аз тарафи ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ФҚҲ «Эҳёи кӯҳистон», шуъбаи БДА «Амонатбонк» ва ФҚҲ «Боршуд» ба 573 нафар 7 миллиону 96, 9 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудаанд. Аз ин шумора 4 миллиону 791, 2 ҳазор сомонӣ ба соҳаи картошкапарварӣ ва як миллиону 47,5 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ мансуб мебошад.
Акс аз АМИТ «Ховар»








Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Данғара муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак бунёд карда мешавад
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш, Сангвор, Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Шаҳринав 297 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 14 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд бунёди муассисаҳои нави таълимӣ вусъат мегирад
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид






