ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ишкошим 24 иншоот бунёд ва 56 адад навсозӣ шуданд
ХОРУҒ, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим бинои нави беморхонаи минтақавии дорои 30 кат ба истифода дода мешавад. Он бо кумаки молии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бунёд мегардад.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, барои бунёди бинои мазкур, ки аз ду ошёна иборат аст, 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Дар ошёнаи аввали он шуъбаи таваллудхона, маркази ёрии таъҷилӣ ва дар ошёнаи дуюм шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва бемориҳои дарунӣ ҷой гирифтаанд. Масъулини Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Вахон», ки сохтмони бинои мазкурро бар дӯш доранд, талош мекунанд, ки беморхонаро дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба дасти табибон супоранд.
Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода гуфт, ки “деҳаи Вранг аз ҷумлаи деҳотест, ки аз маркази маъмурии вилоят ва маркази ноҳия хеле дур буда, интиқоли бемори вазнине, ки ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад, вақти зиёд металабад. Баъди ба истифода додани ин беморхонаи минтақавӣ сокинони деҳоти атроф низ метавонанд бо истифода аз мошинҳои маркази ёрии таъҷилӣ дар фурсати кӯтоҳ беморонро ба ин ҷо интиқол диҳанд. Ҳамагӣ як сол пеш дар ҳамин деҳа хонаи фарҳанг, мактаби санъату рассомӣ ва маркази фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд”.
Раиси ноҳия бо изҳори сипос аз кумаку дастгириҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ баён дошт, ки соли равон шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи маркази ноҳия низ пурра аз таъмиру таҷдид бароварда шуд.
Имсол дар ноҳия 56 иншоот навсозӣ шуда, 24 иншоот, ба шумули хати оби нӯшокӣ, бинои маъмурии филиали рақами 72-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», анбори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, Маркази рушди барвақтии кӯдакон ва амсоли инҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Корҳои сохтмонӣ дар чанд иншооти дигар низ идома доранд, ки дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






