ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Муъминобод сохтмону навсозии беш аз 300 иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ ҷараён дорад

Август 21, 2021 09:27

МУЪМИНОБОД, 21.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод сохтмону навсозии беш аз 300 иншооти маданию маишӣ, хизматрасонӣ ва маъмурӣ ба нақша гирифта шуда, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ техникаю таҷҳизот ва масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дастрас карда шудааст.

Дар ин бора сармеъмори ноҳия Фирдавс Зарифов ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки ҳоло 85%-и  корҳои сохтмонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои  сохтмонӣ идома доранд. Дар ин самт кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия низ бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ таъмири асосию ҷорӣ ва барқарорсозии роҳҳои мошингардро идома дода истодаанд.

Ба гуфти  сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Бобоёр Бобоёрзода, кормандони муассиса ба корҳои таъмири ҷорӣ сафарбар ва техникаҳо ба таъмири роҳҳои маҳаллӣ равона гардидаанд. Масъулин нақша доранд роҳҳои ҷамоати Чиллухтарон, роҳҳои марказӣ ва дигар роҳҳои таъмирталабро аз таъмир бароранд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Август 21, 2021 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид