ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Баҳодур Искандаров дар Конибодом майдончаи варзишӣ бунёд намуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола 10 август таҷлил мегардад, дар шаҳри Конибодом аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Искандаров майдончаи варзишӣ барои футболи хурд ба истифода дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими баистифодадиҳии майдончаи варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Барои бунёди иншооти варзишӣ 300 ҳазор сомонӣ сарф гардида, сокинони деҳаи Шӯробқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов имкон пайдо намуданд, ки бештар ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон зикр кард, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи варзиш дар самти сохтмони толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Зикр шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имрӯзҳо 2673 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 46 варзишгоҳ, 1845 майдончаи варзишӣ, 567 толор, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд. Соли 2020 39 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 варзишгоҳ, 9 толори варзишӣ, 28 майдончаи варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Конибодом ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз нақшаи пешбинишуда беш аз 92 дарсад иҷро гардидааст.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд






