ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сокинони Мурғоб ҷашни Истиқлоли давлатиро дар майдони навбунёди Парчами давлатӣ истиқбол мегиранд

Август 18, 2021 15:56

ХОРУҒ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии ноҳияи Мурғоб майдони Парчами давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бадахшон интернейшнл», талош мекунанд на танҳо сутунпояи парчамро сари вақт ва бо  сифтаи баланд ба истифода диҳанд, балки атрофи онро ба манзараи зебо, диданӣ ва истироҳатгоҳи орому форам табдил диҳанд. Сардори ҷамъияти мазкур Зунун Абликеев гуфт, ки “баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон 35, дарозии матои он 65 ва паҳноияш 41 метрро ташкил медиҳад. Ноҳияи Мурғоб аз сатҳи баҳр дар баландии 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, табиист, ки аз ҷиҳати мавқеи ҷойгиршавӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ яке аз баландтарин парчам ба шумор меравад”.

Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчами давлатӣ ва суҳбат бо коргарону сокинони маҳаллӣ изҳор дошт, ки «дар оянда ин майдон на танҳо ба яке аз маконҳои муқаддаси ноҳияи мо табдил хоҳад ёфт, балки маскани баргузории тантана, иду маросими давлатию мардумӣ мегардад ва ҳар яке аз шумо, бинокорон ба фарзандону наберагони худ бо ифтихор хоҳед гуфт, ки дар бунёди ин майдон ман низ ширкат доштам».

Раиси ноҳия аз хизматҳои Пешвои миллат дар эҳёи муқаддасоти миллӣ  бори дигар ёдовар шуда, баён дошт, ки “имрӯз агар ба ҳар гӯшаву канори кишвар сафар кунед,  Парчами серангаи Тоҷикистонро аз дур мебинед ва ҳисси ифтихор тамоми рӯҳу равони шуморо фаро мегирад.

Пешвои миллат дар робита ба бунёди майдони Парчами давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар пайваста таъкид мекунанд, ки «барафрохта шудани Парчами давлатӣ дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти кишвар нишонаи возеҳи таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва оину суннатҳои давлатдории халқамон мебошад».

Дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудани майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб ба ин иди муқаддаси миллӣ шаҳомату ҷилои тоза хоҳад бахшид.

Аксҳо аз АМИТ «Ховар»

Август 18, 2021 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад