Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ маҳфили фарҳангӣ доир шуд

Август 24, 2021 14:39

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои арзишманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид, ки ҳифз ва тақвияти он вазифаи муҳими ҳар шаҳрванди бо нангу номуси ин миллат мебошад.

Ин нуктаро 24 август зимни маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Ганҷинаи ҳикмат» ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи китоб, ки аз ҷониби шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода баён дошт.

Ба андешаи мавсуф,  зарфи 30 сол дар фазои соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайваста ва ташаббусҳои Сарвари хирадманди давлат барои рушди китобдорӣ ва китобхониву маънавиёти мардум, бахусус наврасону ҷавонон дастоварду пешравиҳои хуби фарҳангӣ фароҳам оварда шудаанд. Китобхонаи миллӣ аз дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади  ҷалби хонандагони хурдсол дар Китобхона шуъбаи кӯдакон ва наврасон фаъолият намуда, ҷиҳати таъмини онҳо бо китобҳои тозанашр, бозиҳои шавқовари зеҳнӣ ва фароғат шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.

Зикр шуд, ки тавассути баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки се сол инҷониб бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, инқилоби маънавие миёни хонандагон ба вуҷуд омад. Ҳамарӯза садҳо нафар хонандагон ба шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ омада,  ба озмуни мазкур омодагӣ мебинанд.

Дар шуъбаи кӯдакон ва наврасон бо ҷалби адибону нависандагони маъруфи кишвар пайваста маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд. Хонандагон роҷеъ ба асарҳои адибони дӯстдоштаи худ, интихоби китобҳои шавқовару хонданбоб ва ғайра маълумот мегиранд.

Дар маҳфили фарҳангии «Ганҷинаи ҳикмат» як зумра шоирон, адибон ва нависандагони кӯдакон, хонандагони фаъоли шуъбаи кӯдакону наврасон, аз ҷумла иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок ва дар васфи Ватан, истиқлолу ваҳдат ва  китоб  шеърҳо қироат намуданд.

Дар қисмати фарҳангии барнома баромади театрикунонидаи хонандагони шуъбаи кӯдакон ва наврасон манзури меҳмонон ва иштирокчиён гардонида шуд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Август 24, 2021 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд