Бар асари борони пуршиддат дар Ҷамоати деҳоти Амондара сел омада, боиси марги 1 нафар гардид
ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 август, тахминан соати 17:30, бар асари борони пуршиддат дар Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент сел омада, боиси ҳалокати як сокини 60-солаи деҳаи Амондара гардид. Баъд аз ҷустуҷӯҳои зиёд соати 06:20-и субҳи 6 август аҳолии деҳа ҷасади ӯро пайдо намуда, ба соҳибонаш супурданд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сели мазкур ба ҳавлии се сокини деҳаи Амондара лойоба ворид кард ва 29 қитъа замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, 10 гектар заминҳои кишоварзӣ ва 10 км роҳи мошингарди деҳа аз лой пур шуданд.
Ҳамчунин дар маҳаллаи Сушанги Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва деҳаи Заврони Ҷамоати деҳоти Шинг низ сел зарар расонид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони мамлакат ҳушдор медиҳад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 6 август низ бар асари об шудани пиряхҳо аз гармои шадид дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






