Дар Ҷамоати деҳоти Ворух сохтмони таваллудхона бо тарҳи замонавӣ оғоз гардид

Август 21, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 21.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати деҳоти Ворух сохтмони таваллудхона бо тарҳи замонавӣ ва шароити хуб барои 20 кати хоб оғоз гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд.

Зимни ифтитоҳи корҳои сохтмони  таваллудхона раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода иброз дошт, ки бунёди таваллудхонаи мазкур дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст. Интизор меравад, ки таваллудхона дар кӯтоҳтарин фурсат ба истифода дода шавад.

Таъкид гардид, ки бо бунёду таъмири иншооти гуногунии хоҷагии халқ симои деҳоту шаҳрак ва маркази шаҳр дигаргун шуда, барои сокинон ҷойҳои иловагии корӣ таъсис меёбанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, дар шаҳру деҳоти Исфара таҳти шиори «1300 рӯзи меҳнати зарбдор- ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои шоиста роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамзамон баҳри таҷлили шоистаи ин ҷашни таърихӣ дар шаҳру деҳоти Исфара бунёду барқароркунӣ ва таъмиру тармими 474 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то  имрӯз 435 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Август 21, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд