Дар Душанбе ҳамкорӣ дар самти омодасозии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар Душанбе масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ-техникии КҲФ баъди ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ зимни мулоқоти раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл баррасӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот раиси КҲФ ва МГ ба сафир дар бораи корҳои анҷомёфта дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиии ахиран рухдода, ҳамчунин ҳамкории байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт маълумот дод.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои дигари имконпазири ҳамкорӣ ва пешниҳодҳо дар иртибот ба иқдомҳои ояндаро низ баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон 17 август Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари Намояндаи Созмони байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Ангелика Шопп мулоқот кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба робитаҳо ва ҳамкории мавҷуда миёни Кумита ва Салиби Сурхи Байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда, хеле муҳим будани истифодаи имконияти ҳамкориро дар оянда таъкид намуданд.
Раиси КҲФ ба хонум Шопп дар бораи офатҳои табиии ахиран дар кишвар рухдода, корҳои анҷомшуда дар рафъи пайомадҳои ин офатҳо, кумакҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ маълумот дод.
Ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо, вокунишҳо ба офатҳо, вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бар асари рӯйдодҳои охир, ҳамкорӣ дар мавриди огоҳонии аҳолӣ аз хатарҳо ва таҳдидҳо, ҳамчунин омода намудани мутахассисони наҷотдиҳандаю расонидани ёриҳои башарӣ мавриди суҳбат қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Салиби Сурхи Байналмилалӣ ин имконро фароҳам хоҳанд овард, ки дар оянда низ барои муқовимат ба таҳдидҳои нави ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ самаранок фаъолият намоянд.
АКСҲО: КҲФ ва МГ ҶТ








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






