Дар Душанбе барномаи мобилии «Соҳибкор» муаррифӣ шуд

Август 25, 2021 08:38

ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» бо иштироки ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, соҳибкорони ҷавон ва намояндагони бахши хусусӣ Барномаи мобилии «Соҳибкор» ҷиҳати  дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки барномаи мобилии «Соҳибкор» чун махзани иттилоотии дастгирии давлатии соҳибкорӣ хизмат намуда, истифодабарандагон метавонанд маълумотро  доир  ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, нақшаи санҷишҳои мақомоти санҷишӣ ва  сохтори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тариқи электронӣ   дастрас намоянд.

Барномаи мобилии «Соҳибкор» бо таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён такмил дода шуда, рӯзҳои наздик дар барномаҳои Play Market ва AppStore  нашр карда мешавад.

Аксҳо аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Август 25, 2021 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд