Дар Душанбе оид ба таъмини амният зимни чорабиниҳои муҳими сиёсии давлатӣ ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 август дар назди Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҷаласаи корӣ баргузор гардида, дар он ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», ШМЗҶМ, РХДО дар шаҳри Душанбе ва дигар сардорони раёсатҳо иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсии давлатӣ, таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории ҷаласаҳои Шӯрои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ расонид.
Вазир зикр намуд, ки «имсол барои шаҳрвандони Тоҷикистон соли таърихӣ ва хотирмон буда, мардуми тоҷик 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро ҷашн мегиранд. Он махсусан барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ соли фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад, чунки дар ин чорабиниҳои давлатӣ таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон бар дӯши мо вогузор карда шудааст. Дар ин рӯзҳо ҳар корманди мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият ва ба ватану миллат ва давлат содиқона хизмат намояд».
Дар хотимаи ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати омодагии кормандони милитсия вобаста ба чорабиниҳои муҳими сиёсии давлатӣ, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани атрофи биноҳои маъмурӣ, манзилҳои истиқоматӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони фаъол ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ХД «Муҳофиза», ШМЗҶМ, РХДО дар шаҳри Душанбе ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКСҲО: ВКД ҶТ








ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд






