Дар Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — яке аз бунёдгузорони СҲШ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор мешавад

Август 24, 2021 15:53

ДУШАНБЕ, 24.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар солҳои 2020-2021 аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон — яке аз бунёдгузорони СҲШ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конфронси мазкур якҷо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории конфронс арзёбии нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис, ташаккул ва рушди СҲШ ва баррасии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар чаҳорчӯби созмони мазкур мебошад.

Дар конфронс иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимони маъруфи ватанӣ ва коршиносони соҳа дар назар дошта шудааст.

Дар конфронс масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода мешаванд:

  • Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси СҲШ;
  • Ташаббусҳои Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби СҲШ:
    -ташаббусҳои сиёсӣ;
    -ташаббусҳои амниятӣ;
    -ташаббусҳои иқтисодӣ;
    -ташаббусҳои гуманитарӣ;
  • Нақши Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеаи СҲШ;
  • Ташаббус ва саҳми Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон дар чаҳорчӯби СҲШ;
  • Саҳми Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар рушди дипломатияи бисёрсамтаи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ;
  • Нақши Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули имиҷи мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ;
  • «Дипломатияи Шанхай» ҳамчун дастоварди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ;
  • Нақш ва мақоми СҲШ дар низоми нави байналмилалӣ;
  • СҲШ: 20 соли дастовардҳо ва дурнамои рушди ҳамкорӣ;
  • Нақши СҲШ дар баррасии масоили мубрами ҷаҳони муосир.
Август 24, 2021 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад