Дар Хуҷанд сохтмони бинои нави прокуратураи вилоят дар арафаи анҷомёбист
ДУШАНБЕ, 21.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни боздид аз шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави маъмурии прокуратураи вилояти Суғд, воқеъ дар микроноҳияи 34-уми маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд шинос шуданд.
Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави прокуратураи вилояти Суғд дар масоҳати 0,50 га бунёд гардида, аз як бинои маъмурии 7-ошёна ва як бинои 3-ошёнаи хизматрасонӣ иборат аст. Он бунёди беш аз 100 адад утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ барои 300 нафар, ошхона ва дигар инфрасохтори хизматрасониро пешбинӣ менамояд. Пудратчии иншоот ҶДММ «СМС» буда, дар майдони сохтмон беш аз 100 нафар бинокорон фаъолият намуда, ба ҳисоби миёна то 3000 сомонӣ маош мегиранд. Корҳои сохтмонӣ асосан ба анҷом расида, корҳои пардозӣ бо суръат идома доранд. Тарҳи бино муосир буда, яке аз иншооти хуштарҳи замонавӣ дар шаҳри Хуҷанд мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар қаламрави вилоят бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6500 иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки барои мардум ҷойҳои нави корӣ ва шароити арзанда муҳайё гардад.
Ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани иншооти ғайриқонунии ҳудуди бинои бунёдшаванда ва сабзазоркунии атрофи он дастуру супоришҳо дода шуд.
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






