Дар Истаравшан беҳтарин китобхон ва донандаи осори адибони классику муосирро муайян мекунанд
ДУШАНБЕ, 13.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни фархундаи миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тарғибу ташвиқи китоб ва китобхонӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмунҳои “Беҳтарин донандаи осори адибони классик ва муосир” ва “Беҳтарин китобхон” гузаронида мешаванд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матботи Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Озмун миёни хонандагони синфҳои 1-4, 5-6 ва 10-11 гузаронида шуда, хондан ва аз худ кардани шеърҳо ва китобҳои бадеӣ аз шартҳои асосии он мебошанд.
Ғолибони озмун бо Ҷоми раиси шаҳри Истаравшан ва беҳтаринҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
Озмун 18 сентябри соли 2021 дар толори Қасри фарҳанги шаҳр баргузор мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд






