Душанбе мизбони Фестивал ва Форуми сайёҳӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 28.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фестивали байналмилалии «Душанбе — пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ /СҲИ/ ва Форуми байналмилали и «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон» 29 август дар Душанбе баргузор мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Зикр шуд, ки Фестивали байналмилалӣ ва Форум оид ба рушди агротуризм дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе- пойтахти сайёҳии кишварҳои СҲИ барои солҳои 2020-2021 гузаронида шуда, ҳадафаш муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди соҳа мебошад.
Дар Фестивал ва Форуми байналмилалӣ дар радифи намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон инчунин меҳмонон аз кишварҳои аъзои СҲИ, созмонҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Дар ҳошияи баргузории Фестивали байналмилалии «Душанбе –пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ» /СҲИ/ ва Форуми байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон» шоми 29 август дар «Боғи Ирам» имконияту зарфият ва дастовардҳои сайёҳии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, барномаи фарҳангӣ пешкаши меҳмонон ва иштирокдорон гардонида мешавад.
Дар доираи баргузории Фестивали байналмилалии «Душанбе –пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ» /СҲИ/ ва Форуми байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон» меҳмонон ва иштирокдорон ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ангурпарварии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ҳамчун яке аз зарфиятҳои рушди агротуризм бозид менамоянд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст






