ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Август 26, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 24-25 август дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор  гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин давр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ғалабаи навбатиашро ҷашн гирифт. Ин даста ба дарвозаи дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  5 голи беҷавоб зад — Алишер Ҷалилов ду гол, Манучеҳр Сафаров, Манучеҳр Ҷалилов ва Ваҳдат Ханонов якголӣ. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар ду бозии охираш ноком шуд, ин бор бар дастаи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби  2:0 пирӯз гардид. Дилшод Бозоров дар дақиқаи 10 ҳисобро кушод, Кароматулло Саидов дар дақиқаи 40 голи дуюмро ба нишон расонид.

Дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ дастаи футболи   «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ аз дастаи  КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ҳар се гол дар нимаи дуюм зада шуданд. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 62, Муҳсинҷон Абдуғаффоров дар дақиқаи 77 ба нафъи тими артиш ду гол заданд. Голи дастаи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро Акобир Тураев дар дақиқаҳои иловагӣ (90+4) зад. Ду бозии дигар миёни дастаҳои  футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо  «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  (2:2) ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб   (0:0) мусовӣ анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври ҳаждаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 август баргузор мешаванд. 28 август дастаҳои футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Душанбе»-и шаҳри  Душанбе бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, 29 август дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо «Истаравшан»-и  Истравшан  ва КМВА-и шаҳри Душанбе  бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳам вомехӯранд.

 

ҶОЙ    ДАСТАҲО                                                        Б        Ғ       М       Б       Т-Т          Х
 1 «Истиқлол» (Душанбе)  15  11  3  1  43-46  36
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  16  10  2  4  32-17  32
 3  «Истаравшан»(Истаравшан)  17  7  5  5  20-17  26
 4  «Эсхата» (Хуҷанд)  17  7  3  7  26-30  24
 5  КМВА (Душанбе)  17  5  6  6  21-23  21
 6 «Равшан» (Кӯлоб)  16  4  8  4  16-16  20
 7  «Хатлон» (Бохтар)  17  5  5  7  17-24  20
 8 «Файзканд»(Восеъ)  17  4  5  8  13-23  17
 9 «Душанбе» (Душанбе)  17  3  6  8  18-36  15
 10  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  17  3  5  9  21-35  14

 

                                                                                                          АКС аз ФФТ

Август 26, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд