Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Тоҷикистон аз рӯи 14 самт мутахассис тайёр менамоянд

Август 4, 2021 13:55

ДУШАНБЕ, 04.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар амал тадбиқ намудани «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» дар соли таҳсили 2021  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Тоҷикистон аз рӯи 14 самт — иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ, металлургия, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ ва 96 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ мутахассис тайёр менамоянд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» АМИТ иттилоъ доданд, айни ҳол дар сохтори вазорати мазкур 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ мавҷуд аст, ки аз инҳо 12-то дар шаҳри Душанбе, 18-то дар вилояти Хатлон, 22-то дар вилояти Суғд, 1-то дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 10-то дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.

Дар 62 литсейи касбии техникӣ ва филиали Литсейи касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Рӯшон 1722 нафар фаъолият доранд, ки теъдоди умумии онҳо ба 2726 нафар баробар аст.

Муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ- синфи 9 ду сол буда, ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дипломи намунаи давлатӣ бо гирифтани касбҳои коргарӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ дода мешавад. Инчунин дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ- синфи 11 муҳлати таҳсил 1 сол буда, ба хатмкунандагон дипломи намунаи давлатӣ оид ба гирифтани касби коргарӣ дода мешавад.

Ҳамчунин дар ҷараёни таҳсил хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо хӯроки гарми яквақта ва ятимони кулл се вақт бо хӯроки гарм ва ҷои хоб таъмин карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар баробари ​ хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуқуқи ягона доранд. Дар ҳолатҳои номуваффақ шудан аз имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ онҳо дорои касби муайян буда, метавонанд то соли оянда дар истеҳсолот фаъолият намоянд.

Зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон ​ саҳми ​ босазо мегузорад.

Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон иброз намуда буданд, ки «…тибқи таҳлилҳо сатҳи касбияти коргарон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй набуда, ин масъала ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Дар ҷараёни ислоҳот як масъаларо ба эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад».

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои миллии хоси минтақа ва истеҳсолу муаррифии онҳо ва фаро гирифтани ​ ҷавонон, занону духтарони бекор, инчунин дигар қишрҳои аҳолӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ дар заминаи ​ 47 муассисаи давлатии таълимии системаи вазорат «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» таъсис дода шуда, дар «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» зиёда аз 50 номгӯй касбу ҳунарҳои миллӣ ва муосир омӯзонида мешаванд.

Ҳамзамон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ ва забономӯзӣ амал мекунанд. Муҳлати таҳсил дар ин курсҳо аз 1 то 3 моҳ буда, ба хатмкардагон шаҳодатномаи тахассусӣ дода мешаванд.​

 

АКС аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Август 4, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Дар Бадахшон даври вилоятии озмун ҷамъбаст гардид
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо равона шудааст
Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Аз таъсиси он 31 сол сипарӣ гардид
ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН — АРЗИШИ ОЛӢ. Бардошт аз ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон
Дар Шаҳринав дар мавзуи ваҳдату ҳамгироӣ ва дӯстии халқу миллатҳо вохӯрӣ доир шуд
Бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми зимистон 1-2 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷаласаи панҷуми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ иштирок намуд