Пагоҳ бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд

Август 19, 2021 13:38

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 20-21 август баргузор мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар  ин  давр дастаҳои футболи  КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Душанбе бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  ва «Истиқлол-и шаҳри Душанбе  бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан вомехӯранд.

14-15 август  бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир гардида буданд. Дар  ин давр дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ дар майдони худ аз дастаи «Истаравшан»-и  шаҳри Истаравшан  бо ҳисоби 1:2 пирӯз шуд. Голҳои дастаи ғолибро Илҳом Баротов ва Ҷаҳонгир Сафаров, голи дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро Абдухалил Боронов ба нишон расониданд.

Ду бозӣ миёни  дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо  КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби  мусовӣ 0:0 анҷом ёфт. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  дар майдони худ дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Бозингари дастаи меҳмон Азизбек Султонов дар дақиқаи 7 аз пеналтӣ ҳисобро кушод. Ба ин гол дастаи  мизбон тавассути зарбаҳои нишонраси Ҷаҳонгир Эргашев, Мубинҷон Муъминов ва Аҳрор Иноятов бо се гол ҷавоб доданд. Дар бозии дигар  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба дарвозаи дастаи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  шаш голи беҷавоб зад. Рустам Соиров ду гол, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Ҷалилов, Ваҳдат Ханонов, Шервонӣ Мабатшоев якголӣ заданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии понздаҳ даври Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 29 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки нисбат ба дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 27 хол дар ҷои дуюм аст. Дастаи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо 25 хол дар ҷои сеюм мавқеъ дорад.

 ДАСТАҲО                                Б      Ғ      М      Б      Т-Т      Х 
 1  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  14  9  2  3  29-14  29
 2  «Истиқлол» (Душанбе)  12  8  3  1  32-6  27
 3 «Истаравшан» (Истаравшан)  15  7  4  4  18-13  25
 4  «Эсхата»(Хуҷанд)  15  7  2  6  25-28  23
 5 «Равшан»(Кӯлоб)  14  4  6  4  16-16  18
 6  «Хатлон» (Бохтар)  15  4  5  6  15-22  17
 7  КМВА (Душанбе)  15  3  6  6  16-21  15
 8 «Душанбе»(Душанбе)  15  3  6  6  18-29  15
 9  «Файзканд»(Восеъ)  14  3  4  7  11-19  13
 10  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  15  3  4  8  19-31  13

 

 

Август 19, 2021 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд