Понздаҳ муштзани ҷавони тоҷик пас аз ғалаба бар ҳарифонашон ба нимфинали Чемпионати Осиё роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 4 рӯзи оғози Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабӣ муҳорибаҳои даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал баргузор шуданд, ки дар натиҷа 15 муштзани ҷавони мо ба нимфинал роҳ ёфтанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо такя ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.
Тавре қаблан хабар додем, дастаи мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 21 нафар ба Дубай сафарбар гардидааст. Миёни наврасон Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-50кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷабборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг); миёни ҷавонон Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51кг), Искандарбек Рустамов (-54кг), Абубакр Муродов (-57кг), Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Сироҷиддин Ҳоҷибоев (-67кг) ва Дурандеш Зубайдов (-80кг) дар нимфинал муҳорибаро идома медиҳанд. Муҳорибаҳо аз рӯи 51 категорияи вазнӣ (писарону духтарон) сурат гирифта, то 30 август идома меёбанд.
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, бори аввал аст, ки чемпионат миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Дар он 268 варзишгари соли таваллудашон 2003-2004 миёни ҷавонон ва 2005-2006 миёни наврасон аз 18 давлати қора иштирок доранд.
Хотиррасон мешавем, ки бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим мегардад. Варзишгароне, ки миёни ҷавонон медали тилло ба даст меоранд, ҳамчунин 6000 доллари ИМА ҷоизапулӣ хоҳанд гирифт. Барои медали нуқра 3000 доллар ва барои медали биринҷӣ 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Ҷоизадорон миёни наврасон мутаносибан бо 4000 доллари ИМА, 2000 доллар ва 1000 доллар сарфароз мегарданд.
АКС аз КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






