СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ФАРО МЕРАСАД! Директори МТМУ №8: Мехоҳем дастоварду комёбиҳои хонандагонамон туҳфаи арзанда ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бошанд

Август 31, 2021 18:00

ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш бо баргузории Дарси сулҳ  истиқбол гирифта шуда,  соли нави таҳсил барои солҳои 2021-2022 оғоз меёбад. Имсол ин рӯзи фархунда дар арафаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ- 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. 

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  айни замон дар кишвар 3911  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии   2 108 942 хонанда  фаъолият мекунанд. Имсол  тақрибан   240 ҳазор кӯдак ҳамчун хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Душанбе дар қатори дигар муассисаҳои таълимии кишвар барои соли нави хониш пурра омода гардида,  имсол  584  нафар кӯдакро   барои таҳсил  дар  синфи якум фаро мегирад. Хабарнигори АМИТ “Ховар” дар остонаи соли нави таҳсил бо директори ин муассисаи таълимӣ Азизбек Боронов ҳамсуҳбат гардид, ки муҳтавои онро пешниҳоди хонандагон менамоем. 

АМИТ «Ховар»:   Пагоҳ Рӯзи дониш аст ва бо   баргузории  Дарси сулҳ  соли нави хониш барои солҳои 2021-2022 шурӯъ мегардад. Дар ин баробар мо дар остонаи ҷашни бузурги умумимиллӣ- 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, аз ин лиҳоз дар ибтидои суҳбат Шумо ва дар симои Шумо  кулли омӯзгорону хонандагони Тоҷикистонро ба ин муносибат самимона муборакбод мегӯем. Бигӯед, ки бо чӣ нақшаву ниятҳои нек соли нави хонишро мехоҳед пешвоз гиред?

Азизбек Боронов: Ман низ дар оғози суҳбат кулли мардуми Тоҷикистони азизро бо ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатӣ, ки имсол 30–юмин солагрди он таҷлил мегардад ва тамоми омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии кишварро бо оғоз ёфтани соли нави хониш самимона муборакбод мегӯям. Бигузор бо шарофати ин соли таърихӣ меҳани ваҳдатофари мо боз ҳам ободтару зеботар гардад ва дар раванди таълиму тарбия комёбиҳои беназир рӯйи даст биёянд.

Тавре ҳамагон медонанд, соли 2020 бо сабаби хуруҷи бемории сироятии КОВИД-19 ва бо   мақсади ҳимояи саломатии хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони соҳаи илму маориф бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соли таҳсил барвақттар қатъ гардид ва баъдан 17 августи соли 2020 соли нави таҳсил тибқи анъана бо Дарси сулҳ оғоз шуд. Дар ин  рӯз  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102  дар  ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва сипас суханронии пурмуҳтавои Президенти мамлакат сурат гирифт. Дар ибтидои ҳамин суханронӣ Сарвари давлат  бо Дарси сулҳ оғоз ёфтани соли нави хонишро рамзи нек арзёбӣ карда, мақом ва манзалати хос доштани сулҳро барои мардуми тоҷик чунин таъкид намуданд: «Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевосита гузоранд. Яъне рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд. Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар фард мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем».

Ҳамин таъкидҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти мо, устодонро боз ҳам  бештар намуд ва тайи соли хониши гузашта кӯшиш кардем, то сатҳу сифати таълим боз ҳам боло бурда шавад, насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба камол бирасанд ва муҳим аз ҳама, ба қадри сулҳу оромӣ, истиқлолу озодӣ бирасанд. Хушбахтона, инак боз ба соли нави хониш расидем ва албатта, умедворем, ки фардо онро боз бо нақшаву ниятҳои неке, ки дар ҷараёни таътили хонандагон тарҳрезӣ кардаем, оғоз мекунем. Мо, устодон низ хонандагони худро пазмон шудем ва барои дар сатҳи баланд шурӯъ кардани соли нави таҳсил тамоми роҳраву синфхонаҳоро пурра аз таъмиру таҷдид баровардем,  атрофи мактабро сарсабзу гулпӯш кардем ва омодаи истиқболи таълимгирандагон ҳастем.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар якҷоягӣ бо устодону омӯзгорони МТМУ №8 бо кадом дастовардҳо ва чӣ фарқият нисбат ба солҳои қаблӣ соли хониши гузаштаро ҷамъбаст кардед?

Азизбек Боронов: Албатта, дастовардҳо дар ҳама соҳаҳои муҳими ҷомеа зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  буданд ва мо низ   бо дастовардҳои назаррас дар самти таълим, иштирок дар олимпиадаҳо, озмунҳои касбӣ ва дигар чорабиниҳо  солҳои хониши 2020-2021-ро ҷамъбаст намудем. Дар ҷараёни таълими соли хониши гузашта дар муассиса зиёда аз 42 чорабинии илмию фарҳангӣ гузаронида шуд, ки ҳамаи онҳо ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуданд.  Хурсандиовар аст, ки хонандагони муассиса дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, дар ноҳия 52 ҷойи ифтихорӣ, миёни ноҳияҳои шаҳр 21 ҷойи ифтихорӣ ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 14 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд,  ки нисбат ба  солҳои қаблӣ шумораи ғолибон зиёдтар аст.  Аз муассиса гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 нафар, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе – 2 нафар ва стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – 5 нафарро ташкил намуданд. Шумораи гирандагони стипендия низ нисбат ба соли гузашта зиёдтар аст.

Иштироки хонандагон ва омӯзгорон дар озмуни “Хонандаи беҳтарини сол” ва  “Омӯзгори сол” низ қобили зикр аст. Давоми се соли охир   “Дастаи олимпии муассиса” дар даҳгонаи “Беҳтар”  дар  ҷойҳои 1-ум ва 2-юм қарор дорад ва ҳамасола аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ мешавад.  Имсол дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дастаи олимпии муассиса”   ҷойи аввалро ишғол намуд.

Дар соли хониши 2020-2021 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-ро ҳамагӣ 292 нафар хатм карданд, ки аз ин шумора 282 нафар барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ҳуҷчат супориданд. Хушбахтона, 153 нафари онҳо дар мактабҳои олии дохили кишвар ва 77 нафари дигар дар макотиби олии хориҷи кишвар ба гирифтани номи пурифтихори донишҷӯ сазовор гардиданд. Мутаассифона, 34 нафар натавонистанд комёб бигарданд, аммо бисёре аз онҳо иброз доштанд, ки солҳои оянда барои дохил шудан ба ин ё он муассисаи олӣ боз ҳам талош хоҳанд кард. Алабатта, ин дастовардҳо агарчӣ нисбат ба солҳои қаблӣ бештаранд, аммо ҳоло ҳам барои мо натиҷаҳои қаноатбахш нестанд. Аз ин лиҳоз талош мекунем, ки соли равон, ки соли таърихӣ барои кишвари мо ба шумор меравад, хонандагони мактабамон боз ҳам бештар ба комёбиҳо ноил бигарданд ва шарафу эътибори на танҳо мактаб, балки  номи Тоҷикистонро   дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

АМИТ «Ховар»: Чун дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 таълим бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, оё мушкилоти норасоии омӯзгорон, хусусан омӯзгорони фанҳои гуногун ба забони русӣ то кунун вуҷуд дорад?

Азизбек Боронов: Воқеан дар муассисаи мо таълим ба  ду  забон ба роҳ монда шудааст. Дар синфҳои таълимашон ба забони  русӣ норасоии кадрӣ дида мешавад. Ин норасоӣ аз сабаби  ивазшавии кадрҳо ва ба қадри кофӣ омода нашудани кадрҳои фанҳои гуногун (химия, биология, математика, физика) дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ ба вуҷуд меояд.   Аммо бо вуҷуди ҷой доштани чунин мушкилиҳо мо пайвасат талош мекунем, то хонандагон аз  омӯзиши ягон фан, махсусан фарнҳои дақиқ дар канор намонанд. Ба ин хотир бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва дигар муассисаҳоли олӣ, ки дар равияи омӯзгорӣ мутахассис омода мекунанд, ҳамкорӣ ба роҳ мондаем.    Оид ба фиристодани мутахассисони  ҷавон  пас  аз хатм  ба  донишгоҳҳо  дархост  медиҳем. Ҳамзамон  сари  вақт  ба  Сарраёсати  маорифи   шаҳри  Душанбе,   шуъбаи  маорифи  ноҳияи  Исмоили  Сомонӣ  оид   ба   ҷойҳои холӣ дархост  равон менамоем.

АМИТ «Ховар»:  Такмили ихтисоси омӯзгорон ва сайқал додани маҳорати касбии омӯзгорон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравадИн раванд дар мактаб чӣ тарз ба роҳ монда шудааст ва ба хотири омӯзиши забонҳои хориҷӣ кадом тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардидаанд?

Азизбек Боронов: Такмили  ихтисоси омӯзгорон ва сайқал додани маҳорати касбии омӯзгорон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.  Ин раванд дар муассисаи таълимии мо бо гузаштани омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос ба роҳ монда шудааст. Ҳар соли хониш тибқи реҷаи аз курси такмил гузаштани омӯзгорон, ки ба воситаи шуъбаи маорифи ноҳия баргузор мешавад, омӯзгорони фанҳои таълимии мухталиф вобаста ба реҷаи аз такмил гузаштан ба курсҳои такмил ва бозомӯзӣ рафта, дониши худро сайқал медиҳанд.  Дар соли таҳсили 2020-2021   24  нафар омӯзгорони муассиса аз курсҳои такмил ва бозомӯзӣ гузаштанд.

Дар бобати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳаминро гуфтаниам, ки он дар асоси ба амал баровардани “Барномаи рушди омӯзиши  забонҳои русӣ-англисӣ” иҷро шуда истодааст. Дар муассиса барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълими забони англисӣ аз тарафи омӯзгорони собиқадору таҷрибадор дарсҳои кушоди ҳозиразамон гузаронида мешаванд, ки дар онҳо давоми соли таҳсил кормандони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар мақомот  иштирок намуда, ба кори омӯзгорони муассиса баҳои мусбат доданд. Дар муассиса мунтазам ҳафтаҳои фанни забони хориҷӣ гузаронида шуда, дар онҳо омӯзгорон ва хонандагон саҳми арзанда мегузоранд.

Ногуфта намонад, ки дар муассисаи  мазкур  омӯзиши фанни  забони  русӣ аз  синфи 2-юм  ва     забони  англисӣ  аз синфи 3-юм  оғоз мешавад ва хонандагон ба зергурӯҳҳо  ҷудо карда мешаванд, то хубтар ва зудтар забон омӯзанд.  Дар дохили худи муассиса ҳар сол аз рӯи фанҳои забони русию англисӣ олимпиадаҳо гузаронида мешаванд ва аз миёни онҳо беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ равона карда мешаванд. Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олии ватанию хориҷӣ аз имтиёзҳо бархурдоранд.

АМИТ «Ховар»:   Ба  хотири робитаи зичи волидайн бо мактаб ва ҳам эҳсоси масъулияти волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад. Шумо дар чаҳорчӯби ин қонун ҳамкории падару модаронро бо мактаб чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё волидон бо мактаб робитаи зич доранд ва баҳри таълиму тарбияи хуби фарзандонашон саҳм мегузоранд?

Азизбек Боронов: Ҳамаи он дастовардҳо ва комёбиҳое, ки мо ба он ноил гардидем ва  дар ҷараёни суҳбат аз онҳо ёдовар шудам,  албатта, бо дастгириҳои пайвастаи волидайн насиби хонандагони муассиса гардиданд. Дар баробари талошу кӯшишҳои омӯзгорон саҳми волидайн низ дар таҳсили босифати хонандагон хеле зиёд аст.  Падару модарон бо муассисаи таълимӣ, хушбахтона, робитаи зич доранд, бо роҳбарони синфҳое, ки фарзандонашон дар он ҷо таҳсил мекунанд, доимо дар тамосанд ва дар маҷлисҳои кумитаи падару модарони муассиса иштироки фаъол доранд. Тавре маълум аст, мақсади Қонуни мазкур низ албатта, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Тавре зикр кардам, робитаи  муассиса  бо  волидайн  хеле  зич  мебошад. Дар  як  сол  чандин   маротиба  маҷлиси  падару  модарон  аз  ҷониби  роҳбарони  синф  гузаронида  шуда,  оид ба   сатҳи  дониш  ва  одобу  рафтори  фарзандон  маълумот  манзур карда мешавад. Давоми  соли равон  зиёда аз чор  маротиба  дар  муассиса  маҷлиси   умумимактабии   падару  модарон гузаронида  шуд, ки  дар  он  дар  бораи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбатҳои алоҳида   сурат гирифт. Барои  ҳавасманд  гардонидани  волидайн  падару  модароне, ки фарзандонашон давоми  сол  фаъолияти  хуб  нишон  дода,  дар  озмунҳои  гуногуни  шаҳрию  ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ  сазовори  ҷойҳои  намоён  гаштанд,  дар поёни соли хониши гузашта бо  ифтихорномаҳо  мукофотонида  шуданд.

Ҳамзамон  дар  муассиса   бо  хонандагон   дар  асоси  нақшаи  тартибдодашудаи  солона  суҳбату вохӯриҳо бо кормандони ШВКД оид ба иҷрои талаботи Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доир ба тарбияи насли  наврас,  шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ба монанди терроризм, экстремизм, истифода набурдани сомонаҳои дорои хусусияти экстремистӣ, пешгирии  ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон, масъулияти ҷиддии волидайн дар тарбияи фарзандон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни  ноболиғон, сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудан, наовардани телефонҳои мобилӣ, риояи либоси мактабӣ ва ҳолати тартибу интизом, нарафтан ба  интернет-кафеҳо    баргузор  мегарданд. Нисбат ба  хонандагон  ва  падару  модароне, ки  оинномаи  муассиса  ва  фармоиши   директори   муассисаро  риоя  намекунанд,  тадбирҳои  ҷиддӣ  андешида  мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар мактаб чӣ бояд кард, кадом роҳу воситаҳое ҳастанд, ки то ҳанӯз истифода нашудаанд ва мехоҳед аз онҳо кор бигиред. Акнун, ки   соли нави хониш  оғоз меёбад, дар ҷараёни таълим чӣ нақшаву ниятҳои неки дигарро мехоҳед амалӣ созед?  

Азизбек Боронов: Албатта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия,  кадрҳои баландихтисос, соҳибкасб, донандаи илми педагогика ва   равоншиносӣ нақши калидӣ доранд. Дар  ин баробар  онҳо бояд аз усулҳои кори салоҳиятнок  дар таълим бохабар бошанд. Аз ҳама  муҳим, касби худ ва кӯдаконро дӯст доранд, зеро кӯдак аз шахсе меомӯзад, ки ӯро дӯст медорад. Назорати асосии омӯзгор дар раванди таълим виҷдони ӯст. Ҳамчунин истифодаи самаранок аз тахтаи электронӣ ва компютерҳо. Ҳамаи ин усулҳоеро, ки зикр кардам, роҳу воситаҳое ҳастанд, ки аз онҳо пайваста кор мегирем ва дар нақшаҳои тарҳрезӣ кардаи худ онҳоро ҷой дода, истифода мебарем. Мехоҳам боз ҳам як нуктаи муҳимро аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш 17 августи соли 2020 зикр карданд, ёдовар шавам.

Тавре Сарвари давлат иброз доштанд: «Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст. Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар давлату миллат буда, бо раванди рушди неруи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Аз ҳамин хотир, мо солҳои 2020 – 2040-ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор намудем, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва мафкураи техникии насли наврасро қавӣ гардонанд. Шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад».

Воқеан ҳадафи аслии эълон гардидани ин солҳо таваҷҷуҳи  зиёд зоҳир  намудан ба таълими илмҳои табииву риёзӣ  ва қавӣ гардонидани мафкураи техникии насли наврас мебошад. Аз ҳамин лиҳоз дар нақша дорем, ки дар доираи ин солҳо маҳфили техникҳои наврасро дар муассиса роҳандозӣ намоем ва ба ин васила  аъзои онро бештару   корҳои навоваронаро дар бахшҳои илмҳои табиию риёзӣ боз ҳам таҳким бубахшем.

Мехоҳам ёдовар шавам, ки соли нави таҳсил воқеан,  дар рӯзҳои хотирмону таърихӣ шурӯъ мегардад, чунки он дар арафаи ҷашни бузурги миллатамон- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад. Дар нақшаи кориамон вазифаҳо барои соли нави таҳсил  ба таври возеҳу равшан иборат аз 38 банд нишон дода шудаанд, ки ман ин ҷо якчандтои онро мисол меорам. Аз ҷумла:  «Корбарӣ аз рӯйи шиори «Дар ҳамкорӣ бо волидайн ва ҷомеа ба сатҳи байналмилалӣ  расонидани  таҳсили ҳар як хонанда» ва ҳамарӯза диққати ҷиддӣ додан  нисбат ба кор бо хонандагони лаёқатманд ва эҷодкор», «Таҳти  назорати  қатъӣ  гирифтани  иҷрои  нақша  ва барномаҳои таълимӣ,  самаранок  истифода  бурдани китобҳои дарсии иҷоравӣ ва дастурҳои методӣ», «Пурзӯр  намудани назорати  дохилимуассисавӣ  оид ба  таҷрибаивазкунии омӯзгорон  ва  самаранок  ба  роҳ  мондани  омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи  пешқадами  омӯзгорони  эҷодкор  ва  навовар»,  «Истифодаи усулҳои гуногуни кор бо омӯзгорони ҷавон, ташкил намудани мактаби таҷрибаи пешқадам дар  муассиса  бо мақсади бакамолрасии онҳо дар ҷодаи омӯзгорӣ»  ва монанди инҳо. Дар ин баробар ҳар роҳбари синф бо нақшаҳои қаблан мувофиқашуда кӯшиш мекунад, ки ба ҷараёни кори таълим таъсири мусбат гузорад ва  шавқу завқи хонандагонро барои омӯзиши дарсҳо боз ҳам бештар намояд.

Хушбахтона, таваҷчуҳи волидон нисбат ба муассисаи таълимии мо хеле зиёд аст  ва онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон муҳассили ҳамин дабистон бошанд. Теъдоди қабули хонандагон ба синфи 1-ум шаҳодати ин гуфтаҳост. Имсол 584  нафар кӯдак барои қабул шудан ба синфи якум номнавис шудаанд ва умедворем, ки ин кӯдакони хуштолеъ бо омадани худ ба мактаб метавонанд ҳам илму дониш омӯзанд ва ҳам барои фардои Тоҷикистон чун фарзандони соҳибилму бохирад саҳми арзанда гузоранд.

Мусоҳиб Саидҷаъфар АШӮРЗОД,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз муаллиф

Август 31, 2021 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд