Тоҷикистон ба ҳавопаймои Афғонистон, ки дар он низомиён буданд, иҷозати фуруд дод

Август 17, 2021 11:59

ДУШАНБЕ, 17.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон пас аз гирифтани бонги изтироб ба як ҳавопаймо аз Афғонистон иҷозат дод, ки ба қаламрави мамлакат фуруд ояд. Тавре аз Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар дохили ҳавопаймо беш аз 100 низомии афғон буданд.

«Тоҷикистон бонги изтироб қабул карда, пас аз он тибқи уҳдадориҳои байналмилалӣ қарор дода шуд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба фуруд омадани ҳавопаймое, ки аз Афғонистон парвоз кардааст, иҷозат дода шавад. Зиёда аз 100 низомии афғон фароварда шуданд ”, — гуфтанд дар раёсат.

Ҳамчунин зикр шуд, ки маълумоти қаблан дар воситаҳои ахбори омма нашршуда дар бораи 18 ҳавопаймои аз Афғонистон ба  Тоҷикистон фурудомада ба воқеият мувофиқат намекунад.

 АКС аз  АМИТ «Ховар»

Август 17, 2021 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»