Завқӣ Завқизода: Ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои СҲШ 61 %-ро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳиссаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай 61 фоизро ташкил дода, шарикони асосии тиҷоратӣ Федератсияи Русия, Чин, Қазоқистон ва Узбекистон ба ҳисоб мераванд.
Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иброз дошт.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки Завқи Завқизода зикр кард, ки минтақаи СҲШ ба маркази ҷалби тиҷорати ҷаҳонӣ ва ҷараёни молиявӣ табдил ёфта, бозори азими истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони молу хидматҳо мебошад, ки барои васеъшавии савдои мутақобила имконияти васеъ фароҳам меорад. Солҳои охир ин минтақа дар соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия ба пешрафти назаррас ноил гардид, аммо дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам имконияти зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд.
Завқизода таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои текникӣ ва технологияҳои рақамӣ бо кумаки иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, аз ҷумла дар минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдоро дар фазои СҲШ тавсия дод. Тиҷорати электронӣ тақрибан 20 фоизи савдои ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа, то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад.
Дар анҷом Завқизода ба иштирокчиён комёбиҳо таманно намуда, изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда миёни давлатҳои СҲШ як иттиҳоди мукаммали технологӣ ва истеҳсолӣ таъсис хоҳад ёфт. Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо якчанд корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Қабули Консепсия ва барномаи рушди иқтисоди рақамӣ, ба роҳ мондани фаъолияти Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019, ки аз он зиёда аз 270 ҳазор нафар аз 40 кишвари ҷаҳон истифода намудаанд, аз ҳамин қабил мебошад.
Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






