Рустами Эмомалӣ дар пояи Маҷмааи «Муҳофизони Ватан» дар шаҳри Нур-Султон гулчанбар гузоштанд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвари дӯсти Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон дар назди Маҷмааи «Муҳофизони Ватан» гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи шаҳидони роҳи озодии Ҷумҳурии Қазоқистонро пос доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Шокиров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»














Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд






