«ҲАМОСАИ ПАНҶШЕР». Дар Душанбе ба ҷонибдории Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон китоб ба нашр расид

Сентябрь 27, 2021 11:31

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 / АМИТ «Ховар» /. Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи шеърҳоеро ба нашр расонид, ки ба ҷонибдории Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер иншо шудаанд. 

Китоб «Ҳамосаи Панҷшер» ном дошта, дар он маҷмӯаи ашъори шоирони гуногуни форсизабон мавҷуд аст ва дар муқовааш расми Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмад Масъуди хурдӣ оварда шудааст.  Маҷмӯа бо ташаббуси муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон, шоир ва публисист Давлат Сафар омода шуда, аз ҷониби шоир Беҳрӯз Забеҳулло таҳрир шудааст.

Ин аллакай дуввумин маҷмӯаест, ки барои дастгирии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар  Панҷшер аз чоп баромад. Қаблан дар Душанбе китоби «Мактуб ба Панҷшер» низ нашр шуд, ки он паёми зиёиён ва ҷавонони созандаи Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмад Масъудро дар бар мегирад.

Тавре рӯзноманигори тоҷик Одил Нозир дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, нашриёт тасмим дорад ояндаи наздик маҷмӯаи наср ва маводи мухталифро ба хотири дастгирии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нашр кунад.            

                                                            АКС аз  Facebook

Сентябрь 27, 2021 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд