Чойхонаи «Сари баландӣ» — ҳадяи ҷашнӣ ба сокинони шаҳри Хуҷанд

Сентябрь 10, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона, раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Узбекистон, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолони маҳалла чойхонаи «Сари баландӣ» бо маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ  медиҳад.

Дар мавзеи ноободи маҳаллаи Сари баландӣ барои сокинони он як маркази нави хизматрасонӣ, иборат аз чойхона, дорухона, нонвойхона бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид таъкид дошт, ки эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии як гӯшаи диёр ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат роҳандозӣ гардида, бахшида ин иди муқаддаси миллӣ беш аз 26 000 иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода шуданд.

Бунёди чунин марказҳои истироҳату фароғат, бахусус чойхонаҳо ва таъмини шароити муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 10, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад