Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад

Сентябрь 15, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар ҳошияи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва 20-солагии СҲШ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, хабар доданд аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар”.

Дар кори ҷаласа иштироки аъзои қисмҳои миллии Шӯрои ҷавонони СҲШ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҷавонони СҲШ моҳи майи соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия таъсис ёфтааст. Ба  узвияти шӯрои мазкур ҷавонони ҳашт кишвари аъзои СҲШ шомил мебошанд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соли 2021 раисии се шӯро: Шӯрои кор бо ҷавонони СҲШ, Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ ва Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ- ро ба уҳда дорад.

                            АКС: аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Сентябрь 15, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд