Дар Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби занона дар гурӯҳи «В» оғоз ёфт. Дар даври аввали мусобиқот дастаҳои мунтахаби занонаи Ветнам бо Малдив рақобат намуданд. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби калони 16:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби Ветнам хотима ёфт, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
26 сентябр дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бозии якуми худро бо дастаи мунтахаби занонаи Малдив доир мекунад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:00 оғоз мешавад. Мавриди зикр аст, ки 24 ва 27 сентябр рақобатҳо дар доираи ин мусобиқот дар гурӯҳи «С», ки ба он дастаҳои мунтахаби занонаи Сингапур ва Индонезия шомиланд, баргузор мешаванд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона:
Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
Малдив – Ветнам – 0:16
Даври 2-юм
26 сентябр (якшанбе)
Оғози бозӣ 18:00
Тоҷикистон – Малдив
Даври 3-юм
29 сентябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ соати 18:00
Ветнам – Тоҷикистон
Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.
Даври 1-ум
24 сентябр (ҷумъа)
Оғози бозӣ соати 18:00
Сингапур – Индонезия
Даври 2-юм
27 сентябр (душанбе)
Оғози соати 18:00
Индонезия – Сингапур
Хотиррасон мешавем, ки ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 18:00 оғоз мешаванд.
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






