Дар Душанбе дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 11.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонони 13 кишвар дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мешавад, хабар дод намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ба ин муносибат 7 сентябр дар қароргоҳи Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот масъалаҳои ниҳоии омодагиро баррасӣ намуд.
Дар доираи ин мусобиқа 10 сентябр бори аввал конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад.
Дар дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Россия, Туркия, Украина, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат мекунанд.
Рақобатҳо дар 5 вазн: 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва дар як вазн: 65кг миёни бонувон ҷараён мегиранд. Ғолибони ҳар 6 вазнро шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор аст.
Ҳамчунин барандагони медалҳои нуқра соҳиби 3 ҳазор доллари ИМА ва барандагони ҷои сеюм соҳиби 1,5 ҳазор доллари ИМА мешаванд.
Ҳамчунин бори аввал ғолиб дар ҳайати даставӣ низ интихоб гардида, бо ҳазор доллари ИМА сарфароз мегардад.
Ин дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ дар Тоҷикистон аст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






