Дар гузашти низомии Рашт ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ иштирок намуданд
РАШТ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи дар ноҳияи Рашт қарор дошта, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ гузашти низомӣ доир гардид.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳамчунин дар ин гузашт техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву нақлиётӣ ва мошинҳои махсуси замонавӣ аз майдон гузаштанд.
Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбариро бо ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки “истиқлол барои мо мисли ҳар миллати озодаи ҷаҳон боарзиштарин ҷашн аст. Истиқлол аст, ки мо тавонистем бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари зебою пешрафта бунёд намуда, ба фарзандон мерос гузорем. Хушбахтона, имрӯзҳо дар сарзамини тоҷикон кабӯтари сулҳу озодӣ дар ҳавои софу беғубор пар меафшонад”.
Сардори нозироти андози ноҳияи Рашт Фаррух Идизода гуфт, ки «ҳар сокини кишвар шоҳид аст, ки маҳз ба туфайли ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 30 сол Тоҷикистону тоҷикистониён ба он комёбию дастовардҳо ноил гардидаанд, ки дар тӯли 70 соли барқарории ҳокимияти Шӯравӣ соҳиб нашуда буданд. Бояд тазаккур дод, ки тоҷикон бо талоши Пешвои муаззами миллат худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиро хуб эҳсос намуданд. Маҳз Сарвари давлат тавонистанд дар қалби мардум ғояҳои ватандӯстию ба қадри истиқлолу ваҳдат расиданро ҷой намоянд».
АКСҲО: АМИТ «Ховар»













Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд






