Дар Ванҷ ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ гузашти низомӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМТИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки беш аз 1000 нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати шахсӣ, воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва шаҳрвандони захиравӣ гузашти низомӣ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар гузашти низомӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, ки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҷлили ҷашни сисолагӣ дар ноҳия мебошад ва раиси ноҳияи Ванҷ кулли афсарону сарбозонро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои фароҳамсозии шароити зарурӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуд ва афсарону сарбозон дар солҳои душвор ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо кардаанд.
Истиқолияти давлатӣ собит сохт, ки халқи тоҷик мардуми таърихан, табиатан ва воқеан бунёдкору созанда, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва фарҳангдӯсту сулҳпарвар мебошад. Аз ин рӯ, ҳимояи марзу буми ватани аҷдодӣ аз ҳар шаҳрванд, аз ҷумла ҷавонон ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ талаб менамояд. Бояд ёдовар шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд.
Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






