Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон мусобиқаи интихобии ҶО-2022-ро бо ғалаба оғоз намуд

Сентябрь 27, 2021 08:36

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» бар дастаи мунтахаби занонаи  Малдив бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин сабқати ҷолиб  голҳои дастаи   мунтахаби занонаи Тоҷикистонро Лайло Ҳалимова, Некубахт Худододова ва Наталя Сотникова ба нишон расонида, пирӯзии дастаи   мунтахаби занонаи Тоҷикистонро таъмин сохтанд. Мавриди зикр аст, ки  дар даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи мусобиқа дастаи  мунтахаби занонаи Тоҷикистон 29  сентябр бо  дастаи  мунтахаби занонаи   Ветнам бозӣ хоҳад кард. Барои ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё роҳ ёфтан, дастаи  мунтахаби занонаи Тоҷикистонро танҳо дар ин вохӯрӣ пирӯзӣ қаноатманд хоҳад кард.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни дастаҳои мунтахаби занона

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

Тоҷикистон – Малдив – 4:0

Голҳо: Лайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некубахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).

Даври 2-юм

27 сентябр (душанбе)

Оғози соати 18:00

Индонезия – Сингапур

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Ветнам – Тоҷикистон

Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.

Хотиррасон  мешавем, ки  ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе   соати 18:00 оғоз мешаванд.

                                       АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2021 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд