Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия 74 миллион доллар афзоиш ёфт, ки имкон аст то охири сол аз нишондиҳандаҳои қабл аз пандемия пеш гузарад

Сентябрь 15, 2021 14:07

ДУШАНБЕ, 15.09.2021 / АМИТ «Ховар» /. Аз рӯи натиҷаҳои 7 моҳи соли 2021 гардиши мол  миёни Тоҷикистон ва Русия ба 640 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 миллион доллар бештар аст.  Ин нуктаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар  Форуми доираҳои тиҷоратии  Тоҷикистон ва Русия, ки имрӯз таҳти унвони  «Дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар шароити нав» дар Душанбе доир  гардид, зикр намуд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода гуфт, ки Форум  ба ҳамкории доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар давраи пас аз буҳрон такони нав мебахшад. Ҳамкории сармоягузорӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи мавсуф, аз соли 2007 то 2021 ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,6 миллиард долларро ташкил додааст.

«Соли 2020 ҳаҷми сармоягузории мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 14 миллион долларро ташкил дод, ки ба иқтидори  мавҷудаи ҳамкории дуҷониба ва рӯҳияи муносибатҳои мутақобилаи мо мувофиқат намекунад», — афзуд  Абдураҳмон Абдураҳмонзода.

Зикр шуд, ки ҳамкории стратегӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар — президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Федератсияи Русия  Владимир Путин рушд меёбад. Тоҷикистон барои таҳияи технологияҳои нав дар соҳаҳои энергетика ва металлургия саъю талоши зиёд мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ба шарофати таҷрибаи ғании Русия дар ин самт имконпазир аст, ки дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъсис дода шаванд. Имрӯз Федератсияи Русия дар байни шарикони иқтисодии хориҷии Тоҷикистон дар ҷои аввал меистад. «Бинобар пандемияи COVID-19 барои Русия ва Тоҷикистон дар самти ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ  соли 2020 соли душвор буд. Аммо нимаи аввали соли ҷорӣ бо нишондиҳандаҳои мусбат ба анҷом расид. Ҳаҷми  тиҷорат ва иқтисодиёти ду кишвар қариб 40 фоиз афзоиш ёфтааст. Мо тамоми имкониятро дорем, ки то охири сол  ба нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия мушарраф гардем»,- гуфт Раиси Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин.

Ба андешаи ӯ, Русия чизе пешкаш менамояд, ки Тоҷикистон ба он ниёз дорад ва баръакси он.  Аз ҷониби Тоҷикистон тавассути Палатаи савдо ва саноат 113 лоиҳаи мухталифи ҷолиб ва ояндадор муаррифӣ гардиданд. Дар форум раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Вазорати рушди  иқтисоди  Русия, Сафорати Русия дар Тоҷикистон, Палатаи минтақавии савдо ва саноати Русия, ширкатҳои муваффақи тоҷик: «Avesto Group», «Huaksin Gayur Cement», КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Петролеум Суғд» иштирок намуданд.

Форум ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд, табодули таҷриба, афзоиши содироти мол ва  хидматҳо байни ду кишвар равона шудааст. Ба ҳозирин паёми видеоии муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Дмитрий Волвач пешкаш карда шуд, ки зарурати тақвияти кори шӯроҳои тиҷоратии ду кишварро махсус таъкид намуд.  Дар форум имконияти сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии ду кишвар муаррифӣ гардиданд. Дар интиҳои  форум маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Русия, инчунин Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва якчанд ширкату корхонаҳои Русия баргузор шуд.

      Акс аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2021 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё иштирок намуд
Дар Конгресси ҷаҳонии обуҳавошиносӣ татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Огоҳкуниҳои бармаҳал барои ҳама» баррасӣ гардид
Дар шаҳри Хоруғ 13 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии пахтаро 90 фоиз иҷро намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар Амрико иштирок намуд
Дар ҷаласаи машваратии мудирони Хазинаи байналмилалии асъор шарҳи вазъи монетарии минтақа пешниҳод гардид
Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад: «Тоҷикистон имкон дорад бо истифода аз захираҳои табиӣ ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил гардад»
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки миллии Швейтсария тақвият медиҳад
АСАЛ ДАВОИ ДАРД. Имрӯз дар Душанбе «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад