Масъалаи бунёди хати роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар масири Панҷакент-Самарқанд баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент масъалаи бунёди хати роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Узбекистон дар масири Панҷакент-Самарқанд баррасӣ гардид, ки дар он масъулин ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар».
Собиқадорони соҳа аз рӯи таҷрибаи корӣ аз мавҷуд будани ҳуҷҷатгузориҳо барои сохтмони роҳи оҳани Самарқанд-Панҷакент, ҷудо гардидани замин барои бунёди пойгоҳи роҳи оҳан дар ҳудуди ноҳияи Ҷомбойи Ҷумҳурии Узбекистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар масъалаҳо сухан карда, ҷиҳати тезонидани кор дар ин самт ба мутахассисон пешниҳодҳо манзур намуданд.
Ҳоло аз ҳарду ҷониб гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ҳуҷҷатгузорӣ ҷиҳати омода намудани лоиҳаи роҳи оҳан идома дорад.
Илова бар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент низ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ҷиҳати ҳарчӣ зудтар омода намудани лоиҳаи роҳи оҳан тадбирҳои судманд андешида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли 2021 зимни мулоқоти муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири нақлиёти Узбекистон Абдусамат Мӯъминов лоиҳаи сохтани қитъаи роҳи оҳани «Панҷакент (Тоҷикистон) — истгоҳи Булунгур/истгоҳи Ҷамбай/истгоҳи Фабрика (Узбекистон)» муҳокима гардид.
АКС: аз МИҲД шаҳри Панҷакент








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ноҳияи Вахш ба хориҷи Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Хатлон маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 19,9 миллиард сомонӣ баробар шуд
Вазирони оби кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои обиро баррасӣ намуданд
Хадамоти алоқа: «Аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоед»
Байни Душанбе ва Минск парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд
Тоҷикистон лоиҳаи «Харитаи роҳ»-ро оид ба татбиқи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии ИДМ муаррифӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз идома дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Меъмории миллӣ ба ташаккули симои нави шаҳрҳо ва муҳити зисти муносиб мусоидат менамояд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид
Ҳаҷми умумии маблағгузории сармоя дар ноҳияи Хуросон ба зиёда аз 337 миллион сомонӣ расонида шуд
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим дар муколамаи ҷавонон баррасӣ шуданд






