Ғолибони бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Сентябрь 27, 2021 13:56

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  25-26 сентябр  дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври бисту якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ хеле ҷолиб  баргузор шуданд. Дар ин давр дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ,  КМВА-и шаҳри Душанбе бо  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб,  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  ва  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ    миёни ҳам  рақобат карданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ин навбат дастаи  футболи «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ дар сафар бар дастаи  «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, аз    тарки Лигаи олӣ  раҳоӣ ёфт. Голи ягонаи бозиро Н’Ди Лукас Кевин дар дақиқаи 54-ум  ба нишон  расонид. Дастаи футболи  «Файзканд»- и ноҳияи  Восеъ, ки дар чанд даври охир дар ҷои нуҳуми ҷадвал буд, бо шарофати ин ғалаба ба ҷои ҳаштум баромад.

КМВА пирӯзиҳояшро идома дода, ин бор ба дарвозаи дастаи  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  4 голи беҷавоб зад. Ҳар чор тӯбро Фатҳулло Фатҳуллоев вориди дарвозаи ҳариф намуд.

Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  дар майдони худ бар дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби  4:2  пирӯз шуд. Дар дақиқаи дуюми бозӣ футболбози дастаи «Кӯктош» Нодирбек Иброҳимов нохост тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Се голи дигари хуҷандиҳоро Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов ва Далер Ёдгоров ба нишон расониданд. Голҳои  дастаи футболи   «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро Насимҷон Муҳаммадиев ба ҳадаф расонид.

Дар бозии марказии давр  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар сафар бар дастаи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан   бо ҳисоби 1:0 зафар ёфт ва мавқеашро дар ҷои аввал мустаҳкамтар намуд. Голро Алексей Ларин дар дақиқаи 48 ба нишон расонид.
Дар бозӣ миёни ду дастаи вилояти Хатлон — «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  «Хатлон»  бо ҳисоби 2:1 зафар ёфт. Ҳисобро бозингари  дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Овусу Обед дар дақиқаи 10 кушод. Бозингарони дастаи футболи   «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  Нуриддин Ҳамроқулов ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар нимаи дуюм ду гол зада, ғалабаи дастаашонро таъмин намуданд.

Пас аз натиҷагирии 21 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 51 хол дорад. Дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  бо 10 хол камтар (41) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 33 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

 

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                              Б      Ғ      М     Б      Т-Т       Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  20  16  3  1  57-7  51
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  20  13  2  5  43-21  41
 3  КМВА (Душанбе)  21  9  6  6  30-25  33
 4  «Истаравшан» (Истаравшан)  21  8  5  8  23-22  29
 5  «Хатлон» (Бохтар)  21  8  5  8  23-26  29
 6  «Эсхата»  (Хуҷанд)  21  8  3  10  29-35  27
 7  «Равшан» (Кӯлоб)  21  5  8  8  20-26  23
 8  «Файзканд» (Восеъ)  21  5  5  11  14-26  20
 9  «Душанбе»  (Душанбе)  21  4  6  11  21-48  18
 10  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  21  4  5  12  26-50  17

                                             

 АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2021 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад