Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд.
Осорхона аз се ошёна иборат буда, дорои тамоми шароит барои маҳфуз доштани нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад ва ҳар ошёна давраҳои таърихии ба худ хосро инъикос менамояд.
Дар ошёнаи якуми бино толори калони намоиш дар масоҳати 193 метри мураббаъ, хазина ва даҳлез ҷойгир карда шудаанд.
Толори намоиши ошёнаи дуюм дар масоҳати 400 метри мураббаъ таърихи ноҳияро дар даврони пеш ва баъди соҳибистиқлолии мамлакат фаро мегирад.
Анбори нигоҳдории нигораҳо, ҳуҷраҳои карантинӣ ва либоснигоҳдорӣ, ташхисгоҳ, ҳуҷраҳои кории кормандон бо тамоми шароити замони муосир, аз ҷумла мизу курсӣ, компютер ва дигар имконот дар ошёнаи сеюми бино ҷойгиранд.
Бинои осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ ва таърихӣ бунёд ёфта, дар он тасвирҳо аз гузаштаи таърихии сокинони ноҳия ҷойгир карда шудаанд, ки аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик тарбия намудани насли наврасу ҷавон мусоидат мекунад. Зеро дар ин ҷо доир ба давлатдорӣ, муборизаву ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Абӯмуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Восеъ ва садҳо нафари дигар маълумоти зиёд маҳфуз мебошад.
Бинои замонавӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сохта шудааст.
Дар рафти сохтмони бино беш аз 45 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби кори мувақатӣ ва маоши хуб шуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-строй-сервис» бо сатҳу сифати баланд ба итмом расонида шудаанд.
Масоҳати замини барои бунёди осорхона ҷудогардида 15 садякро ташкил намуда, худи иншоот дар майдони 593 метри мураббаъ бо шакли зебо қомат афрохтааст.
Ҳангоми сохтмон таваҷҷуҳи асосӣ ба мутобиқгардонии берун ва дохили бино ба гузаштаи ин минтақа ва нигораҳои таърихии мавҷуда равона карда шудааст.
Ҳоло дар хазинаи осорхонаи навбунёд зиёда аз 1500 нигораи таърихӣ гирд оварда шудааст.
Осорхона аз 5 шуъба иборат мебошад, ки ҳар кадоми он вобаста ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик фаъолият намуда, насли ояндаро бо таърихи ниёгонамон шинос месозанд. Бо бунёди осорхона 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар толорҳои осорхона ҳунарҳои мардумӣ бо осорҳои заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ аз асрҳои 9 то 19 ва дигар бозёфтҳо нигаҳдорӣ мешаванд.









Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд






