Профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк: Агар дину дил як ва дар паҳлуи давлат бошанд, Ватан обод мешавад

Сентябрь 4, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 04.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа бо иштироки Раиси Шӯрои уламои  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк, ректори донишкада ва устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ ҳамоиш таҳти унвони «Сӯиистифодаи Ислом аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки агар дин, забон, миллат ва давлат дар иттиҳод бошанд, давлат устувору мустаҳкам ва дар роҳи рушд гомҳои устувор мегузорад. Таъкид гардид, ки агар дин бо ғаразу манфиатҳо истифода шавад, давлату миллатро пора ва несту нобуд мекунад. Аз авзои ҷаҳон ва минтақа, махсусан кишвари ҳамсояи Афғонистон мисолҳо оварда шуд ва зикр гардид, ки мутаассифона гурӯҳҳои манфиатҷӯ дини исломро сӯиистифода карда, ҳазорҳо танро ба хоку хун кашиданд, давлату миллатҳоро ноором сохтанд ва ба хотири манфиатҳояшон аз чизе даст намекашанд.

Тавре ‎Саидмукаррам Абдуқодирзода қайд кард, тайи  чанд соли охир  бархе аз кишварҳои мусалмонӣ ба буҳрони бузург гирифтор шудааст, ки низоъу ҷангҳои нав ба нав ва дар майдони муборизаҳои сиёсӣ пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-мазҳабӣ нишонаи равшани он мебошад. Аз ҷумла, бо роҳи сиёсисозии дини ислом, бархе аз ашхос, ҳизбу гурӯҳҳо ва давлатҳои манфиатхоҳ доираи васеи мардумро ки фаҳмишҳои пасти динӣ доранд, барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсии худ истифода карда истодаанд. Ҳол он, ки дин ин муттаҳидкунанда аст, дин сулҳ аст, дин оромӣ аст, дин ахлоқ аст. Агар дин ба муҳтавои воқеияш истифода шавад, ҳамаро комёбу муваффақ ва саодатманд месозад. Агар суйиистифода шавад ҳамаро нокому сарсону парешон месозад.

Профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ аз ҷониби гурӯҳҳои иртиҷои ва ташкилотҳои махсус дини ислом сӯиистифода мешавад, ки оқибати бадеро дар пай гузоштааст. Ба андешаи мавсуф, агар қалб, дин ва давлт иттиҳод  бошанд, Ватан обод мешавад, давлат побарҷо мемонад. Аз ҷумла, номбурда гуфт, он шакли давлатдорие, ки имрӯз Тоҷикистон интихоб кардааст беҳтарин аст, бо ин шакл рушди давлат таъмин гаридааст ва бояд мардуми тоҷик дар паҳлуи Пешвои худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, дар роҳи рушди минбаъади давлати тоҷикон, ки баъди ҳазорсолаҳо ба даст омаааст, саҳм гузоранд. «Дар шароити кунунӣ агар давлат бори дигар парешон шавад, ё нооромӣ сар занад, он гоҳ бунёду побарҷо карданаш хеле мушкил мешавад. Зеро таҷрибаи давлтҳое, ки динро васила ва ҳадафи худ қарор додаанд, ба ҳамагон маълум аст», гуфт Саадеттин Коҷатурк, профессори Донишгоҳи Анқара. Зирк шуд, ки мардуми Тоҷикистон аксаран ҳанафимазҳаб ҳастанд, беҳтарин мазҳаб ва роҳ ҳамин аст, ки онҳо ба мазҳаби худ пойбанд бошанд ва аз ихтилофҳои замони муосир, ки мутаассифона дар аксар кишварҳои минтақа ҷой дорад, бипарҳезанд. Зеро мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ мекунад.

Дар поёни ҳамоиш аз ҷониби ҳозирин ба меҳмонон саволҳо роҷеъ ба Ватан, дин, мавқеи дин дар ҷомеа, Ватан доштан  ва дӯст доштани он аз нигоҳи дини ислом пешниҳод гардид, ки онҳо бо овардани мисолҳои мушаххас аз китоби муқаддаси Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ, посухҳои мушаххас доданд.

Сентябрь 4, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд