Рустам Ҳайдаров: Агар дар Афғонистон поксозии қавмӣ ва нодида гирифтани манфиатҳои гурӯҳҳои ғайрипаштун идома ёбад, ин кишвар аз байн меравад
ДУШАНБЕ, 08.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Бовар дорам, агар дар ин кишвар поксозии қавмӣ ва нодида гирифтани манфиатҳои дигар гурӯҳҳои ғайрипаштун идома ёбад, дар ниҳоят Афғонистон аз байн меравад. Мусаллам аст, ки омадани толибони террорист ба сари қудрат дар Афғонистон ба туфайли тавтиаи бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, инчунин хиёнати давлатии собиқ президент — паштун Ашраф Ғанӣ, хиёнати афсарони паштуни Артиши миллии Афғонистон, инчунин фитнаандозии иктишофии низомии давлати хориҷӣ, ки созмони террористии «Толибон»*-ро назорат ва дастгирӣ мекунад, имконпазир шуд». Ин нуктаро доктори илми фалсафа, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам ҲАЙДАРОВ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт.
Коршиноси АМИТ «Ховар» муътакид бар он аст, ки агар қудрат дар Афғонистон аз ҷониби як нерӯи сиёсӣ монополия карда шавад, ин пайомади хубе нахоҳад дошт. Ин кишварро зарур аст, ки муколамаи байни миллатҳоро ба роҳ монад. Афғонистон кишвари сермиллат мебошад, бинобар ин манфиатҳои ҳамаи миллату халқиятҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Гурӯҳҳои низомӣ-сиёсӣ бояд ба ҳизбҳои сиёсӣ табдил дода шаванд, то як низоми сиёсии устувор ва муътадил таъсис ёбад .
Ёдовар мешавем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир ба ҳалли масъалаи Афғонистон изҳори андеша намуда, бори дигар таъкид карданд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд. «Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад. Бинобар ин, мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем», — тазаккур доданд Президенти Тоҷикистон.
Андешаҳои пурраи коршиноси АМИТ «Ховар» Рустам Ҳайдаровро дар бахши русии сомонаи Агентӣ мутолиа намоед: https://khovar.tj/rus/2021/09/tadzhikskij-politolog-rustam-hajdarov-schitaet-chto-esli-v-afganistane-prodolzhatsya-etnicheskie-chistki-i-ignorirovanie-interesov-drugih-nepushtunskih-grupp-on-raspadyotsya/
Акс аз АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд






