Сафири Афғонистон дар Душанбе даъват намуд, ки ҳукумати толибонро эътироф накунанд

Сентябрь 8, 2021 16:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳукумати таъсис додаи толибонро ғайриқонунӣ номид ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки онро эътироф накунанд. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад. «Ман бо толибон, то он даме ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром нагузоранд ва ҳукумати фарогир таъсис надиҳанд, ҳамкорӣ нахоҳам кард»,-гуфт сафир имрӯз дар Душанбе  ба хабарнигорон.

«Ҳукумате, ки режими толибон ташкил кардааст, ғайриқонунист ва ман аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунам, ки онро эътироф накунанд. Ин ҳукумати террористонест, ки чанде пеш барои ҷиноятҳои худ дар Гуантаномо зиндонӣ шуда буданд», -шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи дипломати афғон, ӯ дар Тоҷикистон ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳро намояндагӣ мекунад.

«Муқовимат дар Панҷшер идома ва  тавсеа хоҳад ёфт ва ман дар ин ҷо Амруллоҳ Солеҳро ҳамчун президенти Афғонистон намояндагӣ мекунам»,- гуфт ӯ.

Биног ба суханони ӯ, ҳамаи 67 намояндагии дипломатии Афғонистон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳукумати толибонро эътироф намекунанд. Вай бо ишора ба вазъи дараи Панҷшер, ки дар он неруҳои муқовимат ҷойгиранд, гуфт, ки “Толибон”* талафоти зиёд мебинанд ва қисми асосии дара таҳти назорати муқовимат қарор дорад.

Ағбар ҳамчунин зикр намуд, ки «ҳоло ҷанг дар кишвари ман на танҳо байни афғонҳост, Покистон, ки ҳамла ба Панҷшерро ташкил кард, фаъолона дахолат мекунад».

Дар Панҷшер, ба гуфтаи сафир, «ҳама роҳбарони муқовимат бо сарварии Амруллоҳ Солеҳ ва Аҳмад Масъуд дар онҷоянд ва амалиётҳои ҷангиро раҳбарӣ мекунанд».

Дипломат гузоришҳои шабакаи “Ал-Ҷазира”-ро дар он хусус, ки ихтилофот дар сафи муқовимат байни Масъуд ва вазири собиқи дифоъ Муҳаммад Фаҳим оғоз шудааст, рад кард. «Дар сафи муқовимат ҳеҷ гуна ихтилоф вуҷуд надорад, ҳама ҳамчун як мушт амал мекунанд, ҳамаи миллатҳои Афғонистон, ки режими толибонро қабул надоранд, аз ҷумла узбекҳо, ҳазораҳо ва паштунҳо ба сафи муқовимат пайвастаанд ва ба зудӣ дар Панҷшер ҷаласаи умумимиллии  афғонҳо ва шӯро бо иштироки ҳамаи роҳбарони низомии маъруф, ки толибонро эътироф надоранд, ташкил карда мешаванд», -гуфт Ағбар.

Толибон як моҳ пеш ҳамлаҳо ба нерӯҳои ҳукуматиро тақвият дода, 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расидааст. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд. 6 сентябр толибон эълон карданд, ки Панҷшер, аз 34 вилояти Афғонистон охирин вилоят таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст. Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон шуд. Ба он Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар замони ҳукмронии аввали “Толибон”* вазири корҳои хориҷӣ буд ва таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад(!), раҳбарӣ мекунад.

___________________________

* Ташкилоти террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо мамнӯъ аст.

Сентябрь 8, 2021 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд