«САЛОМИ МАН БА ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН». Ё чи тавр сарояндаи афғон дар «Кохи Борбад» суруд хонд ва ҳамаро ба по хезонда, ба риққат овард

Сентябрь 13, 2021 09:08

ДУШАНБЕ, 13.09.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар барномаи ҳунарие, ки пас аз маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Барбад» 8 сентябр ба намоиш гузошта шуд, сарояндаи ҷавон ва маҳбуби Афғонистон Фаҳими Фано суруд хонд ва ҳамаро ба по хезонд ва ба риққат овард.

Ин манзараро хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин ҳамоиш бевосита ширкат дошт, мушоҳида намуд.

Сараввал Фаҳими Фано дар ситоиши истиқлолияти Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суруд хонд:

Саломи ман ба халқи Тоҷикистон,

Ба ҳар шахсе, ки дорад нури имон…

Дигаргун гашта симои Душанбе,

Ҳама мафтуни гулҳои Душанбе…

Агар Сарвар намебуд Оли Раҳмон

Биҳиштосо намешуд Тоҷикистон.

Замини модариро деҳқон аст,

Забони модариро посбон аст…

На ҳар миллат чунин хушбахт бошад…

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дида мешавад, чӣ гуна ҳозирин, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони воломақоми кишвар, ки дар толор  нишаста буданд, аз ҷойҳои худ боло шуда, барои ҳунарнамоии сароянда кафкӯбӣ  мекунанд.

Суруде, ки овозхон иҷро кард, «Салом ба халқи Тоҷикистон!» ном дошта,  матнашро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ибодулло Машраб ва оҳангашро худи Фаҳими Фано эҷод намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хоҳиш намуданд, ки боз як суруди дигар хонад, ҳамонеро, ки худаш меписандад ва имрӯзҳо дар ҳама ҷо зери лаб замзама мекунад. Ва сароянда шуруъ кард ба иҷрои як таронаи дигар:

Беошёна гаштам,

Хона ба хона гаштам,

Бе ту ҳамеша бо ғам

Шона ба шона гаштам.

Ишқи ягонаи ман

Аз ту нишонаи ман.

Бе ту намак надорад

Шеъру таронаи ман.

Сарзамини ман

Хастаю дар ҷафоӣ.

Сарзамини ман

Бе суруду садоӣ.

Сарзамини ман

Дардманду бедавоӣ…

Ин суруд бо номи «Сарзамини ман», ки матнаш ба Амирҷон Сабурӣ ва оҳангаш ба Довуди Сархуш мутааллиқ аст, имрӯзҳо бо овози Фаҳими Фано дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо ҳазор шунаванда пайдо кардааст.

Вақте Фаҳим ин суруди пурсӯзу гудозро ба лаҳни Фалак месароид, ҳама ба по истода, на танҳо каф мезаданд, балки ба риққат омада буданд ва дар чашмонашон ашк медурахшид. Ва ин беваҷҳ набуд.

Ин суруд бозгӯи вазъи имрӯзаи Афғонистон буд, ки ҳеҷ яке аз шаҳрвандони Тоҷикистонро наметавонад бетараф гузорад.

Ин суруд садои нолаю шевани ҳазорҳо нафар мардуми  бехунумонгаштаи афғон буд, ки баъди ба сари ҳокимият омадани Толибон ватани азизи худ, ошёни гарми худро тарк намуда, дар остонаи зимистони сард дар чаҳор гӯшаи дунё овораю бечораю саргардон гаштаанд.

Худи  Фаҳими Фано низ  чанде қабл дар Кобул ҳангоми баргузории озмуни «Абарситора»-и телевизиони «Тулӯъ» аз сӯи  толибони мусаллаҳ таҳдид шуд ва моҳи март ба Тоҷикистон фирор кард. Фаҳими Фано зодаи шаҳри Пули Хумри, маркази маъмурии вилояти Бағлони Афғонистон ва тоҷик аст ва аз чеҳраҳои маъруфи ин кишвар ба шумор меравад.

Пас аз анҷоми суруд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ чунин муроҷиат намуданд:

«Рӯҳафтода набошед!  Ҳаёт ҳамаро дар ҷои худаш мегузорад. Зиндагӣ худаш мубориза аст. Иншооллоҳ, хамаи рӯзҳои сахту сангин паси сар мешаванд… Сиёсати давлати моро шумо медонед. Мо кӯшиш мекунем, мардуми Афғонистонро танҳо намегузорем.   Мо доимо кумак мекардем, кумак мекунем.

Ҳоло васфи Ватан кардед… Ман доимо ба мардуми Тоҷикистон чунин муроҷиат мекунам: шукронаи Ватан кунед. Беватанӣ ба зинда дар гӯр будан баробар аст… Бисёр вазнин аст.

Ва мо айнан ҳамин гуна рӯзҳои сахту сангинро паси сар кардем.  Беш аз миллион нафар гуреза буданд. Яксаду панҷоҳу ҳафт ҳазор нафар кушта шуданд.

Хар чизе, ки мебинед, ин ҳама баъд барқарор шуд. Бо меҳнат, бо сарҷамъии миллат мо обод кардем.

Мо умед дорем, ки ба рӯзҳои хуб, хушҳолиҳо мерасед ва мардуми Афғонистон аз ин бадбахтиҳо раҳоӣ меёбанд.

Ба шумо саломатӣ ва хушбахтӣ мехоҳем!

Шуморо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон даъват кардан ва ҳунарнамоии шумо дар назди роҳбарони Давлату Ҳукумати Тоҷикистон – ин худ эҳтиром ба мардуми дӯсту бародари Афғонистон аст.

Хушбахту сарфароз бошед!».

                                                                                   Саид АЛӢ,
                                                                                АМИТ «Ховар» 

Сентябрь 13, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд