ШАҲРИ МО — ХОНАИ МО. Сокинони Хоруғ тавассути ҳашари умумӣ манзилашонро сарсабзу обод менамоянд
ХОРУҒ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Хоруғ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани меҳмонони олиқадр бо баргузории ҳашари умумӣ кӯчаву хиёбон ва боғи фарҳангию фароғатии шаҳрро тозаву пок менамоянд. Шаҳр замоне пок, ободу зебо мегардад, ки агар ҳар шаҳрванд онро ба сифати хонаи умумии худ эътирофу эҳтиром намояд,-хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Яке аз сокинони шаҳр Масъуда Алиёрова гуфт, ки “чанд моҳи охир пиру ҷавон рӯзҳои истироҳат ба ҳашари умумӣ баромада, кӯчаву хиёбонҳо, боғи фарҳангию фароғатиро поку тамиз мекунанд. Шаҳр хонаи умумии шаҳрвандон аст ва мизбони асосии ташрифи меҳмонон ба маркази маъмурии вилоят низ худи сокинони шаҳр ба шумор мераванд. Ба ҷуз ин ҳар шаҳрванд дар поку беолоиш нигоҳ доштани муҳити зист, ки ҷузъи ҷудонашавандаи табиат аст, масъулияти баланд дорад. Табиат неъмати бузургест ва ин неъмати гаронбаҳоро бидуни ягон газанд барои наслҳои оянда ҳифзу нигоҳдорӣ намудан шарт ва зарур мебошад”.
Яке аз он маконҳое, ки ҷамъшавии сокинон, сайёҳону меҳмонон дар он бештар дида мешавад, ин бозори марказии шаҳр мебошад. Дар тозагии он дар баробари бозорнишинон ҳамчунин ҳар сокини шаҳр масъул аст. Сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки “ба хотири истиқболи сазовор аз ташрифи меҳмонони олиқадр дар баробари ҷавонон ҳамчунин кӯдакону наврасон низ ширкати фаъол доранд. Ин иқдом моро умедвор месозад, ки насли оянда ҳам дар ҳифзи муҳити атроф худро масъул мешуморад. Дар оянда чунин ташаббус ба амали доимии шаҳрвандон табдил хоҳад ёфт”.
Раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот ин иқдоми шаҳрвандонро масъулияти бузург дар баробари ободонии шаҳр унвон карда, изҳор дошт, ки “ташрифи роҳбарон ва меҳмонони олиқадр дар паи худ ободкорию созандагӣ ва неъматҳои дучанди зиндагӣ ба бор меорад. Ҳадафи дигари ин ташаббус- боло бурдани сифати зиндагии шаҳрвандон тавассути пешниҳоди хизмати ризокорона мебошад, ки аз арзишҳои асосӣ ва таърихии халқи мо ба ҳисоб меравад”.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд






