Сироҷиддин Муҳриддин ва Доминик Рааб таҳкими cарҳад ва вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 03.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Доминик Рааб баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими cарҳад ва тағйирёбии иқлим гуфтугӯи судманд намуданд.
«Ҳамсуҳбатон ба мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд»,- гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
АКС: ВКХ








Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид






