Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: Ба ҷомеаи шаҳрвандӣ сомонаҳои kor.tj, shugl.tj ва kasb.tj муаррифӣ гардиданд

Сентябрь 20, 2021 10:46

ДУШАНБЕ, 20.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон се сомона: www.kor.tj, www.shugl.tj ва www.kasb.tj муаррифӣ гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сомонаҳои мазкур дар заминаи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таъмини бехатарии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо фаъол гардидани сомонаҳои мазкур инъикос, тарғибу ташвиқ ва ҳал намудани масоили гуногуни сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гашта, ҳамкории мутақобилан судманди муттасил ва густурда миёни корфармоён, мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, корҷӯён ва ҳамзамон иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути мубодилаи иттилоот ба роҳ монда мешавад.

Дар сомонаи www.kor.tj «Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ» дастрасии маълумот ба шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта таъмин шуда, барои интихоби мутахассисони сатҳи зарурӣ ба корфармоён шароит фароҳам мегардад. Инчунин дар сомонаи мазкур, мунтазам маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷ бо нишон додани музди меҳнат ва дигар шароити корӣ ҷойгир карда мешаванд, ки шаҳрвандон метавонанд барои дарёфти кори муносиб аз он ба таври ройгон истифода намоянд.

Тавссути сомонаи www.shugl.tj шаҳрвандон метавонанд мустақилона маълумотро оид ба хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тозатарин навигариҳоро дар бораи ҳифзи меҳнат, вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, пурсишномаҳои сотсиологӣ, тадқиқот ва дигар маводи зарурӣ дастрас намоянд.

Сомонаи www.kasb.tj бақайдгирии касбомӯзонро пурра ба таври электронӣ роҳандозӣ намуда, шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани маълумоти саривақтӣ оид ба номгӯи касбу ихтисосҳо, ҷойгиршавии марказу филиалҳои муассисаҳои таълимии системаи агентӣ ва тартиби фарогирӣ ба курсҳои омӯзишӣ аз он фаровон истифода намоянд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Сентябрь 20, 2021 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад