ТОҶИКИСТОН — ЯКЕ АЗ МУАССИСОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Андешаҳои директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода доир ба нақши ин созмон
ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, баргузор мешавад.
Соли 2021 барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон фаромӯшнашаванда ва таърихӣ мебошад, зеро дар ин сол мо бузургтарин ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол намудем ва тантанаҳои ин ҷашни муқаддас то ҳол идома доранд. Дар баробари ин, соли 2021 аз таъсиси яке аз бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ — Созмони ҳамкории Шанхай 20 сол сипарӣ мегардад. Аз ин рӯ нишасти сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ҷашнӣ мебошад.
Чунин иброз дошт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода.
Муаллиф доир ба ин мавзӯи муҳим дар идома чунин ибрози назар намуд:
— Созмони ҳамкории Шанхай, ки 60 фоизи ҳудуди Авруосиёро фаро гирифта, аҳолии давлатҳои аъзои он қариб нисфи аҳолии кураи Заминро ташкил медиҳанд, пурнуфузтарин созмони ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи ин созмони байналмилалии минтақавӣ ва иштирокчии фаъоли он буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи хеш- «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр шуд, чунин таъкид менамоянд: «Дар тӯли таърихи бистсолаи худ СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав, ба сохтори нодири минтақавӣ мубаддал гашт, ки борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Ҷараёни рӯйдодҳои давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат ба танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидоти муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин шароит, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд».
Тавре ишора рафт, мутобиқи муқаррароти СҲШ соли 2021 раёсат дар созмони мазкур аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, ки он ба 20-солагии таъсиси ин созмони бонуфуз рост омад.
Дар ин замина дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор таҷлил намудани 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай якчанд корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, 22 феврали соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Барои ба роҳ мондани фаъолияти самаранок, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои дар назди худ гузошта нақшаи фаъолияти Марказ барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ гардид, ки санади мазкур фаъолияти Марказро дар самтҳои зерин барои 5 соли наздик ба нақша гирифтааст: фаъолияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, фаъолият оид ба инкишофи дипломатияи мардумӣ, фаъолият дар самти фарҳанг, маориф ва илм, фаъолияти иттилоотӣ ва таблиғотӣ, фаъолияти байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳо.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо 27 апрели соли 2021 дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Дурнамои фаъолият ва ҳамкории Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар он Котиботи СҲШ, шарикони Марказ, аз ҷумла: Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ, Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Узбекистон, Платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network, намояндагони сафоратҳои давлатҳои узви СҲШ ва мутахассисони соҳа иштирок доштанд.
Дар қисмати ифтитоҳии ҳамоиш Ёддошти тафоҳум миёни Марказӣ дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ва Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Узбекистон ба имзо расид, ки он барои ҳамкории судманд ҷиҳати рушди дипломатияи мардумӣ ва мусоидат ба барқарор ва тақвияти робитаҳои мустаҳкам миёни институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии ду кишвар заминаи устувор гузошт. Инчунин дар кори ҳамоиш масъалаҳо марбут ба самтҳои фаъолияти марказ, ҳамкории марказ бо шарикони он, васеъ намудани доираи шарикон, коркарди лоиҳаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дорои хусусияти гуногун баррасӣ шуда, пешниҳодҳои иштирокчиён марбут ба масъалаҳои баррасишаванда ва таҳкими нақшаи чорабиниҳои марказ дар самти тақвият бахшидани ҳамкорӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ шунида шуданд.
Тибқи нақшаи фаъолияти Марказ баргузории маърузаҳои кушод ва вохӯриҳои дипломатон, сафирони давлатҳои иштирокчиёни СҲШ ва олимони соҳа бо донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва кормандони Академия дар назар аст. Ҳамин тариқ, 6 майи соли равон вохӯрии донишҷӯёну магистрантон, устодону кормандон ва муҳаққиқони ҷавони Академия бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Рашид Олимов баргузор гардид.
Ҳамчунин 11 май чунин вохӯрӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар мавзӯи «Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар ҳама соҳаҳо тавсеа меёбад» баргузор гардид.
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ва мутахассисони ба омӯзиши фаъолияти СҲШ шавқу рағбатдошта Марказ дар ҳамкорӣ бо платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network 7-умин Модели СҲШ-ро таҳти унвони «20 соли фаъолияти СҲШ: тарҳрезии даҳсолаи нави ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ» бо иштироки тренерон аз давлатҳои узви СҲШ баргузор намуд. Чорабинии мазкур бори нахуст дар қаламрави Тоҷикистон ва бо забони русӣ баргузор гардид. Модели СҲШ- конфронсест, ки дар раванди он ба иштирокчиён имкони намояндагии давлати аъзои СҲШ, иштирок дар муҳокимарониҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллии давлатҳо бо мақсади мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ медиҳад.
Инчунин Марказ дар чорабиниҳои шарикони худ низ иштироки фаъол дорад. Ҳамин тариқ, бо даъвати Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ директори Марказ дар чорабинӣ бахшида ба ташрифи Котиби Генералии СҲШ ва сафирони давлатҳои узви СҲШ ба шаҳри Янсин, ки ба муносибати таҷлили 20-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ва баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин соли 2022 баргузор гардид, дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Илова бар ин, Академияи миллии идоракунии Чин нашри махсусро бахшида ба 20-солагии СҲШ ба нақша гирифтааст, ки барои чоп дар он мақолаи директори Марказ дар мавзӯи «Дӯстии халқҳои СҲШ – омили муҳими рушди муштарак» пешниҳод гардид.
2-3 июн дар шаҳри Ухан Форуми дипломатияи мардумии СҲШ дар мавзӯи «Рушди рӯҳияи Шанхай баҳри дӯстии халқҳо» баргузор гардид, ки дар ифтитоҳи он директори Марказ бо сухани табрикӣ ва маълумот дар бораи фаъолият ва ҳамкории марказ тариқи маҷозӣ баромад намуд. Инчунин дар ин чорабинӣ Тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Яке аз чорабинии сатҳи байналмилалӣ, ки дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ баргузор гардид, ин Саммити ректорони академияҳои идоракунии давлатии давлатҳои аъзои СҲШ, ки таҳти унвони «20 соли СҲШ: дурнамои ҳамкории академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ» бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дар шакли омехта (маҷозӣ ва ҳузурӣ) баргузор шуд, мебошад. Чорабинии мазкур бо мақсади тақвият бахшидан ба муносибатҳои дӯстона ва шарикии муассисаҳои идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин барои табодули таҷрибаи идоракунӣ ва омӯзонидани хизматчиёни давлатӣ ташкил шудааст.
Дар Саммит масъалаҳо марбут ба барқарор намудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии давлатҳои узви СҲШ, ҷалби чунин муассисаҳо аз кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ дар саммитҳои минбаъда, табодули таҷриба, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти омодакунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, лоиҳаҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва муайян намудани дигар самтҳои ҳамкорӣ бо назардошти таҳдидҳо ва имконияте, ки дар шароити пандемияи СOVID-19 амалӣ карда мешаванд, баррасӣ шуданд. Инчунин иштирокчиёни Саммит лоиҳаи Изҳороти муштаракро, ки аз натиҷаҳои кори Саммит қабул гардид, баррасӣ намуданд.
СҲШ аз замони ташаккули худ дар доираи давлатҳои гуногуни ҳамҷавор ва аз нуктаи назари фаъолият шакли нави ҳамкорие мебошад, ки кишварҳои минтақаи Осиёро муттаҳид намудааст. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Осиё давлатҳои мустақиле ба миён омаданд, ки ҳар кадоми он манфиатҳои миллии худро дошт. Даҳаи аввали асри 21 –ум шоҳиди дигаргуниҳои куллии сиёсию амниятӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷаҳон ба шумор меравад. Зеро имрӯз, ки ҷомеаи инсонӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳо ва тағйирпазириҳои рӯҳиву равонӣ қарор дорад, давлатҳои ҳаммарзу ҳампаймон ва дорои мушоракат ва ҳамкорӣ хуб дарк намудаанд, ки ҳамгироиву ҳамшарикӣ метавонад хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ва мавҷударо бартараф созад. Бояд гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумлаҳои созмонҳои минтақавию ҷаҳонист, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгароӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқ таъсис ёфтааст. Новобаста аз он ки Созмони мазкур ҷавон аст, дар ин бист соли фаъолият тавонист давраи рушдро бомуваффақият гузашта, дар фазои истиқлоли давлатҳои аъзо имконияти зиёдро таъмин созад.
Ҳамин тавр, иштироки фаъоли Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, пайгирии манфиатҳои кишвар дар доираи он ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ самаранок амалӣ карда шаванд ва рушди иқтисодӣ ва ояндаи дурахшон барои мардуми ватанамон таъмин гардад.
Итминон меварзем, ки Саммити ҷашнии СҲШ, ки 17 сентябр дар шаҳри Душанбе мегузарад, дар сатҳи баланд доир гардида, Тоҷикистон зимни ин нишасти муҳим ба сифати мизбон ва иштирокчии фаъоли он дар баррасӣ ва ҳалли масоили муҳими минтақавию байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад.
АКС: Академияи идоракунии давлатӣ