Замони баргузории бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 сентябр дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мегарданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ миёни ҳам рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардида буданд. Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) дар ин давр бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардида, ба ҷои сеюми ҷадвал баромад. Ҳисобро дар дақиқаи 33 бозингари дастаи «Равшан» Овусу Обед кушод. Футболбозони дастаи артиш Люк Менҷана Леонел дар дақиқаи 33 ва Фирӯз Бобиев дар дақиқаи 81 ду гол зада, ғалабаи КМВА-ро таъмин намуданд.
Дастаҳои пешсаф «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд. Голи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо Манучеҳр Ҷалилов, голи дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро Дилшод Бозоров ба номашон сабт карданд.
Дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе дар майдони худ аз дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид. Нимаи аввал бенатиҷа анҷом ёфт. Бозингарони ҳарду даста дар нимаи дуюм фаъол гардиданд ва мухлисон шоҳиди се гол шуданд. Дар дақиқаи 50 Алинур Ниёзбеков ба суди бонкчиҳо гол зад. Пас аз 3 дақиқа Хуршед Абдуллоев ҳисобро баробар кард. Голи пирӯзиро Мубинҷон Муъминов дар дақиқаи 71 ба нишон расонид.
Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар сатри охири ҷадвал қарор дорад, дар майдони худ дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшанро, ки дар ҷои сеюм буд, бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Футболбозони дастаи мизбон Бунёд Шодиев ва Азизбек Султонов дар нимаи аввал ду гол заданд. Ба ин Илҳомҷон Баротов аз дастаи меҳмон дар нимаи дуюм бо як гол ҷавоб гардонида тавонист.
Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз 20 давр дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд мавқеъҳояшонро дар ҷойҳои якуму дуюм нигоҳ доштанд. Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан, ки дар ин давр шикаст хурд, мавқеашро дар ҷои сеюм ба КМВА дод.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | ТТ | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 19 | 15 | 3 | 1 | 56-7 | 48 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 19 | 12 | 2 | 5 | 39-19 | 38 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 20 | 8 | 6 | 6 | 26-25 | 30 |
| 4 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 20 | 8 | 5 | 7 | 23-21 | 29 |
| 5 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 20 | 8 | 3 | 9 | 29-34 | 27 |
| 6 | «Хатлон» (Бохтар) | 20 | 7 | 5 | 8 | 21-25 | 26 |
| 7 | «Равшан» (Кӯлоб) | 20 | 5 | 8 | 7 | 19-24 | 23 |
| 8 | «Душанбе» (Душанбе) | 20 | 4 | 6 | 10 | 21-44 | 18 |
| 9 | «Файзканд» (Восеъ) | 20 | 4 | 5 | 11 | 13-26 | 17 |
| 10 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 20 | 4 | 5 | 11 | 24-46 | 17 |
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






