Зарфияти таърихӣ ва тамаддуни ҷаҳонии Тоҷикистон дар Узбекистон миёни давлатҳои ҷаҳон муаррифӣ шуд

Сентябрь 21, 2021 10:01

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 сентябр Ҳафтаи мероси фарҳангии Узбекистон, ки шурӯъ  аз 13 сентябр дар шаҳрҳои Тошканд, Хива ва Нуқус ҷараён дорад, ба анҷом мерасад. Ин барнома дар чаҳорчӯби Конгресси V ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуда, дар доираи он чанд намоишгоҳи ёдгориҳои таърихӣ,  мусаввирон ва рӯнамоии китобҳои фарҳангӣ баргузор гардида  истодааст. Дар ҳафтаи мазкур омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ гардонидани мероси таърихию фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз масъалаҳои асосӣ буда, онро дастандаркорони Конгресси ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд.

Тавре ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ,  иштирокчии Форум Мирзошариф АБДУСАЛОМОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, Тоҷикистонро дар ин барномаи бошукӯҳи байналмилалӣ як ҳайат иборат аз намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Ҳайати мазкурро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода роҳбарӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҳафтаи мероси таърихию фарҳангии Узбекистон намояндагони зиёда аз 45 кишвари олам, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Русия, Олмон, Лаҳистон, Маҷористон, Британияи Кабир, Туркия, Ҷопон, Албания, Австрия, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Эрон, Чин, Лубнон ва амсоли он иштирок доранд. Ҳамзамон роҳбарияти ЮНЕСКО бо шумули котиби генералии ин созмон хонум Габреела Рамос ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Азиз Абдуҳакимов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ҷашнвораи панҷуми конгресс олимон, пажуҳишгарон, мутахассисони соҳаи ҳифз, тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, дастхатҳо ва миниатюраҳо, коршиносони хориҷӣ ва теъдоди зиёди хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ ширкат доранд.

Дар доираи ин барномаи фарҳангӣ 15 сентябр дар шаҳри Хива Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор шуд. Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ ва сарпарастии ЮНЕСКО доир гардид.

Форуми мазкур аз 4 қисмати баррасии мавзӯъҳо ва масъалаҳо иборат буд.

Дар қисмати сеюми Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ» дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода бо маърӯзаи пурмуҳтаво оид ба зарфияти таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ба мероси ниёгон, қадам ба қадам шомил намудани онҳо ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО  сухан гуфта, ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ба иштирокчиёни Форум муаррифӣ намуд. Ин маърӯза тавассути намоиши слайдҳо сурат гирифта, бо нишон додани расм ва наворҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон диққати иштирокчиёни Форум ба таври назаррас ҷалб гардид.

Аъзои ҳайати Тоҷикистон низ дар дигар қисматҳои Форум бо маърӯзаҳои таҳлилӣ ва пурмуҳтаво сухан гуфтанд. Аз ҷумла, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзода дар қисмати якум оид ба зарфияти сайёҳии таърихию фарҳангии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби таърихи зиёда аз 5500-сола буда, ёдгориҳои таърихию фарҳангии он далели раднопазиранд. Инчунин он макони беҳтарини сайёҳии таърихию фарҳангӣ мебошад. Маърӯзаҳои доктори меъморӣ, профессори кафедраи «Меъморӣ ва дизайн»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Солия Мамадҷонова, доктори меъморӣ, профессор Рустам Муқимов дар қисмати дуюм ва директори Осорхонаи мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Тутиниссо Ашурмадова дар қисмати чорум ироа гардиданд.

Ҳамзамон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Самандар Абдуллоев ва ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ Мирзошариф Абдусаломов дар қисматҳои алоҳидаи Форум суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.

Дар анҷоми маърӯзаҳо баррасии мавзуъҳо сурат гирифт. Роҳбарияти ЮНЕСКО, ИСЕСКО, институтҳои марбут ба пажуҳиш, тармим, барқарорсозӣ ва харитасозии ёдгориҳои таърихӣ  ва дигар иштирокчиёни Форум аз ҳамкории пайвастаи Тоҷикистон дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ бо изҳори хушнудӣ зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт хеле рушд карда, дар минтақа яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳати тармим, барқарорсозӣ ва истифодаи мақсадноки мероси таърихию фарҳангӣ гомҳои устувор ниҳодааст.

Умед аст ояндаи наздик якчанд объектҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва Феҳристи ёдгориҳои ИСЕСКО шомил карда шаванд.

        АКСҲО аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад